Тоҷикистон дар доираи CAREC 545 миллион $ гирифт
Тоҷикистон дар тӯли 15 соли ахир беш аз 545 миллион доллар дар чаҳорчӯби барномаҳои CAREC - Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ба даст овардааст.
Бино ба иттилоияе, ки рӯзи 2-уми июл зимни нишасте оид ба баррасии барномаҳои Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон баргузор гардид, бахши бештари ин сармояҳо барои тармиму бозсозии роҳҳо ва бунёди хатти интиқоли барқ дар ин кишвар ихтисос шудаанд.
Аз қабили роҳи Душанбе-Сартош дар марз бо Қирғизистон, бозсозии роҳи Душанбе-Турсунзода, бозсозии роҳи Айнӣ-Панҷакент, бунёди хатти интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва таъмири фаннии нерӯгоҳи барқӣ-обии Нарказ мебошад.
Дар ин нишасти дурӯза ҳайати Тоҷикистонро вазири рушди савдои кишвар раҳбарӣ менамояд. Дар ҳоли ҳозир барномаҳои CAREC дар беш аз кишвари минтақа, ба вижа Чин, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Муғулистон, Узбакистон, Афғонистон ва Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳоло дар кишварҳои мазкур зиёда аз 130 лоиҳаи ин созмон ба маблағи 21 миллиард доллар дар ҳоли иҷро мебошанд.
Иҷрои тарҳҳои CAREC дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1997 оғоз гардидаанд. Ҳадаф аз иҷрои лоиҳаҳои CAREC дар минтақа тавсеаи ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар арсаи энержӣ, ҳамлу нақл ва тиҷорат арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |