Хакерҳо 300 000 $-и ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро дуздидаанд
Аз соли 2011 то кунун дар Тоҷикистон 15 ҷинояткори кибернетикӣ боздошт шудаанд, ки тавассути интернет аз бонкҳои кишвар ва ширкатҳои мобилӣ маблағҳои ҳангуфт дуздидаанд.
Ин нуктаро Ҷӯрахон Зоиров, генерали Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 2-юми июл дар конфронси минтақаӣ оид ба проблемаҳои ҷиноятҳои кибернетикӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи Зоиров, имсол се нафар дастгир шудаанд, ки тавассути интернет аз ширкатҳои мобилӣ 300 ҳазор доллар рабудаанд. Генерал афзуд, панҷ ҷинояткори дигар барои рабудани пасандозҳои мардум аз бонкҳо дастгир шудаанд.
Дар баробари ин, ба иттилои Зоиров соли гузашта як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намудаанд, ки аз хориҷа ба як духтари тоҷик таҳдид намудааст, ки агар пул ирсол накунад, суратҳои фаҳшашро дар интернет нашр мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |