Бозор Собир: “Аз Айниву Лоҳутӣ хушбахттарам, ки...”
Бозор Собир, шоири тоҷик, баъд аз тамошои намоишномаи театрии “Шабе дур аз Ватан” гуфт, худро аз Айниву Лоҳутӣ хушбахттар мешуморад, ки дар зиндагӣ нақшашро рӯи саҳнаи театр дидааст.
Намоишномаи “Шабе дур аз Ватан”, ки аз сӯи Нозим Меликов ва аз рӯи ашъори Бозор Собир таҳия шудааст, бегоҳи 25-уми июн дар театри ба номи Мамуди Воҳид манзури тамошобинон гардид ва Бозор Собир ҳам яке аз бинандагон буд.
Ин шоири тоҷик гуфт, аз тамошои ин намоишнома хеле мутаассир шуда, ба кори ҳунармандон баҳои баланд медиҳад. Вай афзуд, навори ин намоишномаро қаблан дар Амрико дида буд, аммо ҳоло хушбахт аст, ки онро аз наздик тамошо кард.
Бозор Собир ба як савол дар мавриди ҳамсару фарзандонаш, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебаранд, низ посух дод. Ӯ гуфт, бояд аҳли оилааш базудӣ ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳи ӯ ба зиндагияшон идома бидиҳанд.
Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, бегоҳи 27-уми май ба Тоҷикистон бозгашт. Ӯ дар лаҳзаҳо аввали омаданаш ба Душанбе гуфт, дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд ва аз зиёиён даъват кард, ки ҳамагӣ дар атрофи президент ҷамъ оянд.
Ин шоири тоҷик ҳамчунин бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Кохи Миллати Душанбе мулоқоти якбаяк анҷом дод ва дар пайи ин гуфта шуд, ки оқои Бозор соҳиби як манзил дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе шудааст. Мақомот мегӯянд, бозгашти Бозор Собир ба интихоботи Тоҷикистон рабте надорад, иддаое, ки бархе аз соҳибназарон ва мухолифон ба он бовар надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |