Пешниҳоди ёдбуди қурбониёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ
Алим Шерзамонов, масъули Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар Бадахшон пешниҳод кардааст, ки дар остонаи якумин солгарди амалиёти низомӣ дар Хоруғ ёдбуди қурбониёни ин амалиёт баргузор шавад.
Ин пешниҳоди оқои Шерзамонов, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишта шудааст, то кунун тарафдорони зиёде пайдо намудааст.
Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо гузашти тақрибан як сол аз ҳодисаҳои Хоруғ, маркази Бадахшон, мегӯяд, дар ин ноамниҳо 20 сокини осоишта ҷони худро аз даст дода буданд.
Агарчӣ ба қавли ин созмон, мақомоти расмӣ теъдоди қурбониёни ин амалиёт аз ҳисоби сокинони осоиштаро ҳамагӣ шаш нафар донистаанд.
Дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ дар Хоруғ моҳи июли соли гузашта, аз ҷумла Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |