13 тоҷик аз фурудгоҳҳои Русия бозпас гардонда шудаанд
Мақомоти Русия боз 13 нафар шаҳрванди Тоҷикистонро, ки азми сафар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Оренбургро доштанд, аз фурудгоҳҳои ин кишвар ба Ватан баргардонидаанд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба «Озодагон» иттилоъ доданд, барои вайрон кардани қоидаву қонунгузориҳои Русия 6 нафари онҳоро имрӯз, 25-уми июн ва 7 нафари дигарро дирӯз аз фурудгоҳ баргардонидаанд.
Барои ин нафароне, ки мақомоти Русия онҳоро ба кишварашон роҳ надодаанд, ба муҳлати се сол ворид шудан ба қаламрави ин Русия манъ карда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, инҳо Саидаҳмад Асоев, Садриддин Саидов, Юнусали Исоқов, Дилшод Ойев, Ғуломҷон Тошбоев, Қиматулло Сулаймонов, Муҳриддин Мусоев, Маҳмадали Мамадалиев, Маҳмади Мамадалиев, Нуралӣ Мамадалиев, Сафаралӣ Баротов, Манучеҳр Нарзиев ва Баҳодур Назаров мебошанд.
Бояд зикр намуд, дар чанд ҳафтаи ахир баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои Русия ба Ватан зиёд ба назар мерасд. Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷират сабаби ин, риоя накардани қонунгузории Русия аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |