Дар назар аст, ки Дмитрий Медведев, президенти Русия дар моҳи август-сентябри соли равон ба Душанбе ташриф биёрад.
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷа имрӯз дар як нишасти матбуотӣ гуфт, зимни ин сафари райисҷумҳури ФР масоили мухталифи дуҷониба матраҳ хоҳад шуд. Номбурда қайд кард, дар чорчӯби ин боздид асосан инкишофи муносибатҳои иқтисодии ин ду кишвар, аз ҷумла масъалаи нерӯгоҳҳои барқӣ баррасӣ мегардад. Ҳамрохон Зарифӣ Русияро яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон унвон намуда афзуд, тайи шаш моҳи соли равон дар мунисибатҳои дуҷониба муваффақиятҳои зиёде мавҷуд аст. Зарифӣ дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, бо Русия феълан муносибатҳо дар хусуси марз ва фурудгоҳи Айнӣ дар ҳоли омодашавӣ ва баррасӣ аст. Ӯ гуфт, ин гуфтушунидҳо маънии онро надорад, ки фурудгоҳи Айнӣ бемузд аз они Русия мешавад ва ё қӯшунҳои Русия ба Тоҷикистон бармегарданд.
-Музокирот дар робита ба ин масъала идома дорад ва ҳар гуна сару садо дар масъалаи воридшавии сарбозони Русия ба марзи Тоҷикистон асос надоранд.Моликияти Тоҷикистон на аз бобои ман ва на аз бобои вазири мудофиа аст,- ҷамъбаст кард вазири корҳои хориҷа. {jathumbnail off}
Мӯҳр