Омодагии Кувайт барои сармоягузории се нерӯгоҳи нав дар Тоҷикистон
Абдулваҳҳоб ал Бадр, раиси Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон омодагияшонро барои сармоягузории лоиҳаи навсозии нақби обпартои нерӯгоҳи Бойғозӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои нави Шӯроб, Нуробод 1, Нуробод 2 изҳор доштааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, таъкид намудааст, ки маблағгузории аксари ин лоиҳаҳо ба тариқи грантӣ сурат хоҳад гирифт.
Ба иттилои манбаъ айни ҳол аз маблағҳои қарзи имтиёзноки байналмилалии барои навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз , 17 миллион доллараш саҳми Бунёди кувайтии рушди иқтисодии араб мебошад.
Инчунин ҷонибҳо зимни мулоқот густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, саноати кӯҳӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |