Бахшҳо
25 июн 2013 10:14Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Метрбозӣ”-ҳои ҳукумат соҳибкоронро нигарон кардааст

Сиёвуш Қосимзода

Дар муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав ва қарори ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012, №451 "Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд, нуктаҳое омада, ки боиси нигаронии соҳибкорон ва иқтисоддонон шудааст.

Метрбозӣ лағв мешавад?

Дар қарори ҳукумат аз ҷумла гуфта шуда, соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда метавонад тамоми намудҳои фаъолияти соҳибкориро ба истиснои фаъолиятҳои зерин анҷом диҳад:

-истеҳсоли молҳои зераксизӣ

- фаъолияти бонкӣ ё намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкӣ

- фаъолияти суғуртавӣ, фаъолият оид ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ, фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок

- қабул, коркард ва ё таҳвили металҳо ва сангҳои қиматбаҳо, дигар металҳо, консентрат, оҳанпора ва маъданҳо ва монанди инҳо, ки бояд ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият намоянд.

- фурӯши сӯзишворӣ, гази моеъ ва табиӣ, таъсиси бозорҳо, меҳмонхонаҳо ва хизматрасониҳои варзишӣ

- ташкили сехҳои оҳангудозӣ

- фаъолияти савдо ва хизматрасонӣ, агар масоҳати ҷои фаъолият аз 30 м2 (метри квадратӣ) зиёд бошад. Агар масоҳати ҷои фаъолият то 30 м2 бе тақсимоти биноҳои калон ба якчанд нуқтаҳои савдо бошад, чунин субъект метавонад ҳамчун соҳибкор тариқи шаҳодатнома фаъолият кунад. Дар ҳолати аз 30 м2 зиёд будан бояд фаъолият дар шакли шахси ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.

Иддае аз соҳибкорон аз ин 30 м2 гила карда мегӯянд, ки ин барояшон сангин меафтад ва беҳтар мебуд то ин рақам боло бурда шуда ба 60 м2 расад. Аммо Рустам Ҷабборов муовини раиси Кумитаи андоз мегӯяд, ки ҳамин моҳ бояд ин талаботи зикргардида аз қарори ҳукумат хориҷ шавад ва умуман ягон метр барои шахси ҳуқуқӣ шудан талабот намемонад.

Кодекси андоз камаршикан аст

Бояд гуфт, ки баъд аз ҷорӣ шудани кодекси нави андоз дар Тоҷикистон дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 18 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ карда буданд. Бисёре аз иқтисоддонон ҳам ин кодексро монеаи ҷиддӣ барои рушди соҳибкорӣ талаққӣ мекунанд.

Дар ҳамин маврид таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки кодекси андози Тоҷикистон худ монеае ба рушди бахши хусусӣ, тиҷорат ва соҳибкорист. Ба гуфтаи номбурда, дар ҳоли ҳозир тамоми ақшори ҷомеа аз дастфурӯшону тоҷирон гирифта то ҳунармандон ва ҳамаи онҳое, ки маҳсулот истеҳсол мекунанд аз андоз шикоят мекунанд.

"Бо ин роҳ иқтисодро пеш бурда намешавад. Зеро андозҳо бисёр сангин ҳастанду ба ҳамин хотир мардум роҳи гурез аз пардохти андозро пеш мегиранд. Кодекси андозро бояд аз нав тартиб доду танҳо 6 намуди андозро боқӣ гузошт. Дар ин сурат рушди бахши хусусӣ, тоҷирон ва соҳибкорон мумкин аст", иброз дошт Зулфиқори Исмоилиён.

Ба гуфтаи иқтисоддонон, ҳарчанд кодекси андози нав асосан ба соҳибкорони истеҳсолӣ имтиёз қоил аст, вале ба далелҳои зиёд ба истеҳсолот даст задан дар Тоҷикистон як кори хеле сангину камфоида аст. Чунончи иқтисоддон Собир Лутфуллоев дар ин бора мегӯяд, ки агар дар боло пуштибон надошта бошӣ, гарон шудани андоз барои тоҷирон ба онҳо не, балки ба кисаи мардум зарар меорад. Чун тоҷирон маҷбур мешаванд камбудии андозҳои гаронро аз ҷайбҳои мардум ҷуброн кунанд.

Иқтисоддонон бар ин назаранд, ки кодекси нави андоз бо вуҷуди интизори хуби соҳибкорон аз он на танҳо ягон хабари хуб наовард, балки кори соҳибкоронро боз ҳам мушкилтар кард. Нозим Ишанкулов, директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: "Агарчи намояндагони Кумитаи андоз дар кодекси нав бисёр андозҳоро ихтисоршуда медонанд, вале дар ҳақиқат, онҳо ҳечҷо гум нашудаанд танҳо якҷоя ба гуруҳҳо омехта гардидаанд. Агар пеш соҳибкорони хурду миёна ин андозро аз рӯи 4% пардохт мекарданд, бо кодекси нав онҳо бояд зиёдтар пардохт намоянд. Соҳибоорони истеҳсолкунанда 5% ва дигарон 6% аз ҳаҷми даромад андоз месупоранд".

Пулатон зиёд шуд шахси ҳуқуқӣ мешавед


Дар таҳрири нави кодекси андоз омадааст, ки дар ҳолати дар давоми соли андоз аз ҳисоби ҳамаи намудҳои фаъолиятҳо аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд будани даромади умумии соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқи дар асоси шаҳодатнома фаъолият намуданро аз даст медиҳанд ва ӯҳдадор мешаванд фаъолияти худро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба роҳ монанд.

Рустам Ҷабборов мегӯяд, ки чун ин бахш дар Кодекс омадааст бардошта намешавад. Ба гуфтаи номбурда, аз баски соҳибкори инфиродӣ бизнеси хурд аст, чунин бизнес фақат то 500 ҳазор шуда метавонад мутобиқи ҳамон низоми содакардашуда. Агар аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, бояд корхонаи миёнаву калон гардад. Яъне ин маҳдудият нисбати 500 ҳазор боқӣ мемонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Нозим Ишанкулов ин 500 ҳазор як мушкил ҷиддист. Агар соҳибкор дар як сол ҳаҷми даромадаш аз 500 ҳазор зиёд шавад, бояд ба шакли ҶДММ гузарад ва супорандаи ААИ, андоз аз фоида ва андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилӣ барояш ҳатмӣ мешавад. Ба илова онҳо ӯҳдадоранд, то ҳисоботи андозӣ ҳам ба Оҷонсии омор ва ҳам ба Хазинаи муҳофизи иҷтимоии аҳолӣ супоранд.

Директори иҷроияи Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, ки даромади буҷа аз андозҳои соҳибкорони инфиродӣ хеле зиёд нест ва ингуна фаъолият кардан ба сатҳи зиндагии худи соҳибкорони инфиродӣ, ки шумораашон зиёд аст таъсири калон дорад. Бинобарин сатҳи даромадро бояд зиёд намоянд ақаллан то 800 ҳазор сомонӣ, ки то соли 2010 вуҷуд дошт.
Собир Лутфуллоев ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ки 500 ҳазор сомонӣ барои соҳибкории хурд чандон манфиатнок набуда, монеи рушди босамари он мешавад ва бояд боло бурда шавад то соҳибкорон имкони пурра рост кардани қоматашонро дошта бошанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)