5 ҳазору 600 “LIKE”-и ҳиҷоби Манижаи Давлат
Як акси бо ҳиҷоби Манижаи Давлат, овозхони маҳбуби Тоҷикистон, дар гуруҳи Afghan Unity ё Иттиҳоди афғонӣ дар Фейсбук боиси баҳсҳои зиёде шудааст.
Ин акси Манижаро бештар аз панҷуним ҳазор нафар писандида, 307 нафар онро дар саҳифаҳои худ гузоштаанд ва бештар аз 363 нафари дигар дар поёни он шарҳ навиштаанд.
Дар ин акс Манижаи Давлат бо ҳиҷоб тасвир ёфта ва дар даст китоби Қуръон дорад. Иттиҳоди афғонӣ низ дар болои ин акс навишта, ки “Манижаи Давлати ҳидоятшуда...” Вале масъулони саҳифа манзур аз ин ҷумлаашонро шарҳ надодаанд.
Вале аксари шарҳнависон гуфтаанд, аз чунин навъи либоспӯшӣ ва сурати Манижаи Давлат ифтихор мекунанд ва ин бояд барои духтарони дигар панд шавад. Муҳаммад Аҳмадӣ, яке аз ин шарҳнависон гуфтааст, “дӯстат дорам, Худо ҳамеша қалбатро пур аз раҳматаш кунад.” Абдулҳамид ҳам навиштааст, “касеро ки Худованд ҳидоят кунад, ҳеч қудрате барои гумроҳии ӯ вуҷуд надорад.”
Манижаи Давлат тақрибан 13 соли пеш рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе миёни форсизабонҳо маҳбубияти хос пайдо намуд. Консерти аввалини ӯ соли 2002 дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуда, соли 2006 ӯ барои анҷоми як консерт ба Афғонистон рафт.
Аммо пас аз ин сафари Афғонистон Манижаи Давлат дигар рӯи саҳна наомад ва овозхонӣ накард. Аммо соли гузашта шакли хоми як таронаи ӯ бо номи “Осмон боронист”, ки шеъри Ҳоруни Роун аст, дастраси корбарони Интернет шуд. Бо ин ҳама, Манижаи Давлат шарҳ надода, ки чаро ва чигуна аз саҳна канор рафт ва оё бозгашти ӯ ба саҳнаи ҳунар имконпазир аст, ё на.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |