Таҷҳизоти нав барои ду таваллудхона дар Хуҷанд (АКС)
Баъд аз чор соли интизорӣ ба таваллудхонаи вилоятӣ (Суғд) ва шаҳрӣ дар Хуҷанд ба маблағи 10,5 миллион доллар таҷҳизоти нави муосир ворид гардидааст.
Моҳира Саиднасуллоева, сартабиби таваллудхонаи Хуҷанд, гуфт, “таҷҳизоте, ки то имрӯз дар мо буд, ҳамаашон фарсуда шуда буданд. Имрӯз барои таваллудхонаи мо таҷҳизоти муосир ворид гардид, ки алъон васл карда шудааст. Мизҳои ҷарроҳӣ, электрокагулятор (маводе, ки барои суст кардани хунравӣ кӯмак мерасонад), мизҳои тавваллуд, мизи гинекологӣ, таҷҳизот барои нафаси сунъӣ, инкубаторҳо барои кӯдаконе,ки норасида ба дунё меоянд, оварда шуданд.”
Ин таҷҳизот истеҳсоли Олмон, Амрико, Швейтсария, Лаҳистон (Полша), Белгия, Бритониё, Ҷопон, Нидерландия ва Чехия буда, бо пули Бонки Рушди Саудӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |