Додгоҳи Хатлон ҳукми Шодибек Султоновро бетағйир гузошт
Суди вилояти Хатлон ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, нисбати Шодибек Султонов, собиқ сардори шуъбачаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ин шаҳрро бетағйир гузошт.
Алишо Қурбонов, муовини раиси Суди вилояти Хатлон, ки шикояти касатсионии мазкурро баррасӣ кард, таъйид намуд, ки Шодибек Султонов ҳафтуми ноябри соли рафта аз рӯйи нақшаи қаблан тарҳрезигашта бо истифода аз мақоми хизматиаш ба дасти шаҳрванд Тоҷиддин Бекмуродов завлона зада, ӯро маҷбур ба автомашинаи тамғаи Мерседеси зери идораи худ савор намудааст. Султонов боздоштударо, мавриди тазйиқи ҷисмонӣ қарор дода, ба дуздии 300 ҳазор эвро дар Русия муттаҳамаш намудааст ва бо таҳдид аз таппончаи хизматии тамғаи ПМ, силсилаи НГ № 2692 талаб кардааст, ки пулро ба ӯ бидиҳад. Бо назардошти ин ҳукми додгоҳ нисбати Султонов бетағйир гузошта шуд.
Суди шаҳри Қӯрғонтеппа Султоновро тақрибан ду моҳ қабл бо ҷурми “баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ” ва “тамаъҷӯӣ” ба 16 соли зиндон бо мусодираи молу мулк ва нигоҳ доштан дар колонияи низомаш сахт маҳкум карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |