Алишер ЗАРИФӢ
Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба домулло Сироҷиддин, ки моҳи январи соли 2010 барои пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи Салафия маҳкум ба зиндон шуда буд, субҳи 24-уми июн аз боздошт раҳо гардид. Хабарнигори “Озодагон” домулло Сироҷиддинро дар манзилаш дар канори ҳамсару фарзандон пайдо кард ва суҳбате анҷом дод, ки пешкаши Шумо мешавад.
Озодагон: Озодӣ муборак, домулло. Вақте аз маҳбас баромадед, худро чӣ гуна эҳсос намудед?
Домулло Сироҷиддин: “Вақте аз дари зиндон берун омадам, хурсандиямро ҳадду канор набуд. Дуо кардам, Худованд ҳеч фарзанди мусалмонро ба маҳбас наандозад. Дар назди дари маҳбас модарони зиёдеро дидам, ки мегуфтанд, Худовандо, фарзандони моро раҳо кун.”
Озодагон: Вазъи саломатиятон чигуна аст?
Домулло Сироҷиддин: “Вазъи саломатиям хуб аст. Худоро шукр, ки баъд аз чаҳор соли боздошт ва зиндон сиҳҳату саломат ба назди фарзандон баргаштам.”
Озодагон: Чаҳор соле, ки ҳамроҳи хонавода набудед, чӣ тағйироте пеш омада?
Домулло Сироҷиддин: “Дар ин муддат бисёр чизҳоро аз даст додем. Қиматтарини он модарҷонам буд, ки вақти дар маҳбас буданам аз дунё даргузашт. Ният дорам, ки ба зиёрати қабри модарам биравам. Як рӯз баъд аз марги модарам маро хабардор карданд, ки модарат аз дунё гузаштааст. Ду писарам зан гирифт, набудам. Воқеан, хонаи бе падар камбудӣ зиёд доштааст.”
Озодагон: Шароити маҳбасро чигуна арзёбӣ мекунед? Вазъ чӣ хел буд?
Домулло Сироҷиддин: “Маҳбас пасттарин ва бадтарин ҷой дар рӯи замин аст. Маҳбас ягон хел ҷои таъриф надорад, маҳбас ҳеҷ ҷои зебоӣ надорад, ягон хел зиндагии хуб ҳам он ҷо нест ва аз ҳамин сабаб ҳоҳиш мекунам, ки падару модарон фарзандонашонро насиҳат бикунанд, то ба маҳбас наафтанд. Дар маҳбасхонае, ки ман будам, он ҷо шиканҷа набуд, лекин бо вуҷуди ин ҳама аз маҳбас безорам. Дар маҳбасхона сериву пури аст, ягон хел камбудӣ надорад, лекин дуо мекунам, фарзанди касе ба он ҷо наафтад. Тамоми меҳмонҳое, ки боздид аз маҳбасхона мекарданд, маро хабар мегирифтанд, дар мавриди вазъу шароити маҳбас аз ман савол мекарданд. Ман шабу рӯз дар ҳаққи президент дуо мекунам, ки як афв кунад, ҳамин ҷавонҳои зебое, ки дар маҳбас ҳастанд, раҳо шаванд. Бовар кунед, ин қадар ҷавонҳое, ки дар маҳбас ҳастанд, он ҷо ҳаёташон ҳайф мешавад. Вақте дар маҳбас ғалтидем, ба қадри диёру ватан ва мардум бисёр расидем.”
Озодагон: Шуморо ба ҷурми салафигароӣ маҳкум ба зиндон карда буданд. Воқеан, ин иттиҳом ҷо дошт?
Домулло Сироҷиддин: “Маро салафӣ гуфта маҳкам карданд, лекин ман дар ягон гурӯҳ нестам. Ман аз тамоми гурӯҳҳо безорам ва намехоҳам бо ягон гурӯҳ ҳамроҳ бошам. Ман аз салафӣ ҳам безор ҳастаму аз таҳририву таблиғияш ҳам. Тоҷикистон муҳтоҷи гурӯҳҳо нест ва мо набояд дар байни мардум тафриқа андозем. Дар ягон гӯрӯҳ набудам ва нестам. Дар дохили маҳбас ҳам будам, мегуфтам, Тоҷикистони мо муҳтоҷи ягон гурӯҳ ва ҳизб нест, ман пайрави Қуръону суннатам. Бояд мардуми Тоҷикистон ақидаи маро бидонанд, ки чунин аст. Ман аз ҳеҷ кас наметарсам ва чи хеле ки пештар дар ҳамин ақида будам ва ҳоло ҳам дар ҳамин ақида астам. Як сухани президентро ду рӯз пеш вақте дар Суғд баромад мекард, аз радио шунидам, ки хеле сухани зебое буд. Вақте шунидам, Аллоҳу акбар гуфта, аз ҷоям хестам. Ин сухан ҳамин буд, ки эй мардум дурӯғ аст баъди мурдан гову мол куштан, Шумо дар зиндагиятон падару модаратонро ҳурмат кунед. Бубинед, мо ҳам ана ҳамин суханро 4 сол пеш гуфта будем.”
Озодагон: Баъзеҳо мегӯянд, маҳбас ҷои хубе барои таблиғ аст. Ин ҳақиқат дорад? Шароити намозгузорӣ дар он ҷо чигуна буд?
Домулло Сироҷиддин: “Дар мавриди ибодат. Панҷ вақт намоз ва намози ҷумъаро мехондем, ҳеҷ монеае набуд. Касе, ки намоз мехонд, касе, ки Қуръон мехонд, дари масҷид барояш боз буд. 1,5 ҳазор маҳкумшуда маро ҳамчун падар “бобӣ” мегуфтанд ва ҳатто кормандони маҳбас маро ҳурмат карда, “бобӣ” мегуфтанд. Ҳамроҳони ман 11 нафар буданд, ки онҳо як сол зиёдтар шуд, баромаданд ва ман охирин баромадам.”
Озодагон: Дар зиндон бештар дар бораи чӣ фикр мекардед ва чӣ орзу доштед?
Домулло Сироҷиддин: “Бовар кунед, чор соле, ки дар маҳбас будам, як орзу доштам. Мегуфтам, Худованд агар маро аз маҳбас барорад, ҷавонҳои зебо, шогирдони бадавлатамро ҷамъ мекунаму як фирма мекушоям, ки номи онро “Фирма барои кумак ба бевазанҳо” номгузорӣ мекунам. Ҳамон бойбачаҳо, шогирдонам омада, ҳаминҷо закоташона бисупоранд, то бевазанҳо худашонро бе кас ҳис накунанд ва фарзандашон гурусна ва бе либос намонанд.”