Президент хобашонро паронд: Мансабдорони Хатлон дар интизори Раҳмон
Сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба вилояти Хатлон мақомдори ин минтақаро ба тараддуд андохта, ба фаъолият водор кардааст.
Ин сафари қарибулвуқӯи президент ба Қӯрғонтеппа боис ба он гардидааст, ки роҳу мавзеъҳои наздики хатсайр пас аз муддати дарози интизорӣ таъмиру таҷдид ва поккорӣ карда шаванд. Таъмиру таҷдиду поккорӣ махсусан дар масире, ки қадами Эмомалӣ Раҳмон аз он мегузарад, шаҳри Қӯрғонтеппа, навоҳии Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ ҷараён доранд.
Дар пасманзари талошу фаъолияти мансабдорони маҳаллӣ дар он ноҳияҳое, ки мизбони Эмомалӣ Раҳмон хоҳанд буд, аз забони сокинони маҳаллӣ ибораҳои “Кош, президент ҳар моҳ вилояти мо меомад”, “Хайрият, ақаллан аз барои президент дар як сол як бор вазифаашонро иҷро мекунанд”, “президент хобашонро паронд-ку” зиёд садо медиҳанд.
Ин ҳарфҳои шодӣ аз даҳони мардуми одӣ дар ҳолест, ки онҳое дар ҳукуматҳову идораҳои давлатӣ кор мекунанд, шояд аз омадани президент чандон хушнуд ҳам набошанд. Зеро эшон маҷбуранд, ҳам вазифаи ҳаррӯзаи хешро адо намоянд ва ҳам саҳару бегоҳ ҷорӯбу каланд дар даст хор кананд, роҳ рӯбанд ва дарахт сафед кунанд ё лоақал кори зердастро наззора намоянд. Мусаллам аст, ки бо як порагии нимкораи асфалти роҳ сардори давлатро пазируфтан нашояд.
Бинобар ин, шаҳрдории ин чаҳор шаҳру ноҳия, ба қавли худашон, як қатор “объектҳои ҷашнӣ”-ро низ омода мекунанд. Масалан, дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон дар Бохтар як толори варзишӣ барои 500 нафар ва як корхонаи хиштро ба кор дарорад. Дар ноҳияи Вахш бошад, баистифодадиҳии заводи равған, толори варзиш, меҳмонхона, мактаб ва бинои беморхонаи касалиҳои сил пешбинӣ шудааст. Мақомоти шаҳри Қӯрғонтеппа бошанд, то ташрифи Эмомалӣ Раҳмон чаҳор иншоотро омода намуда истодаанд. Ин як маркази дилхушӣ барои кӯдакон ё худ “Лимпопо”, майдони тенниси калон, ҳаммом ва бинои панҷқабатаи истиқоматӣ.
(Дар акс майдони сохтмони бинои 15 ошёна аст, ки хишти аввалаш се сол пеш аз ҷониби раисиҷумҳур гузошта шудааст) Дар ҳоле ки раисиҷумҳур дар сафари қаблиаш дар шаҳри Қӯрғонтеппа, соли 2010-ум ба сохтмони бинои понздаҳошёна ва як мактаби хусусӣ оғози расмӣ бахшида буд, вале айни ҳол ин иншоот ба ҳоли хеш партофта шудаанд. Айни муддао мебуд, агар Эмомалӣ Раҳмон баробари ба шаҳри Қӯрғонтеппа ворид гаштан аз Шарифхон Самиев (он вақт ҳам ӯ раиси шаҳр буд) аввал иҷрои ҳамон ваъдаашро тақозо намояд ва баъд “объект”-ҳои омоданамудаи навашро ифтитоҳи расмӣ бахшад.
Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони ҷануби кишвар аз президент хоҳиш доранд, ки агар тавонад, моҳдармиён ба вилояти Хатлон биояд, зеро бо баҳонаи сафари кории ӯ чуқурчаҳои роҳҳо мумфарш, хасу хори порсола нест ва биноҳои дар хатсайр мақомдошта таъмири косметикӣ карда мешаванд, яъне танҳо дар арафаи сафари раисиҷумҳур мансабдорони маҳаллӣ вазифаҳои рӯзмарраашонро иҷро мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |