Истиқболи Русия аз додани шиносномаи биометрӣ дар Туркманистон
Русия аз тасмими ҳукумати Туркманистон дар мавриди атбои дорои ду шаҳрвандиаш истиқбол кард.
Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як матлаб дар торнамои расмии худ гуфтааст, ин кишвар аз тасмими Ашқобод дар мавриди додани шиносномаи биометрӣ ба шаҳрвандони дорои дутабааи туркман истиқбол менамояд.
Қаблан расонаҳои туркманӣ хабар дода буданд, ки шуруъ аз 17-уми июни соли ҷорӣ Хадамоти давлатии муҳоҷирати Туркманистон додани шиносномаи биометрӣ ба нафароне, ки дорои шаҳрвандии Русия ва Туркманистон дар як вақт мебошанд, оғоз мекунад. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони дорои шиносномаи русии Туркманистон, муваззаф буданд, то 10-уми июл тасмим бигиранд, ки шаҳрвандии кадом давлатро интихоб ва кадомеро рад мекунанд.
Зеро бар асоси муқарароти Қонуни асосии Туркманистон, ки соли 2008 қабул гардид, шаҳрвандони ин кишвар танҳо ҳаққи интихоби табааи як давлатро хоҳанд дошт. Барои муайян кардани афроди душаҳрванди Туркманистон панҷ сол муҳлат муайян шуда буд, ки 10-уми июли соли 2013 анҷом меёбад. Баъди ин сана қарор буд, ба афроди душаҳрвандӣ паспорти хориҷӣ намедиҳанд ва шиносномаҳои пешинашонро беэътибор медонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |