Бахшҳо

Интихоботи бидуни интихоб?

Дуруд, хонанда!

Ин навбат дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бароят қисса мекунам.

Як ибора дар мағзи сарам лона кардааст, ки онро гоҳо беихтиёр ва гоҳо ихтиёран такрор мекунам: “Лаънат бар ин замона бод, ки маро олудаи сиёсат гардонд!”

Ҳар шаб, пеш аз хоб, дар бораи иштибоҳҳо ва комёбиҳои рӯзи сипаришуда меандешам. Гоҳо асабиву ором мешавам ва гоҳе худро сарзаниш мекунам. Аммо чун субҳ мерасад, танам боз ба сӯзиш медарояд...

Охир, чаро бояд хомӯш бошам? О, магар шаҳрванди соҳибҳуқуқи ин сарзамин нестам? Ё инҷо чӣ кор мекунам? “Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?”

Мардҳо ҳама аз дасти ноадолатиҳои замон меноланд, аммо мардона иқрор намешаванд, ки дар ин ноадолатиҳо онҳо ҳам гунаҳкоранд. Ба ҷои нолидан, ҳадди ақал зиндагии худатро ба қадри тавонат обод кун, азизи ман. Барои тарбияи фарзанд вақт надорӣ, барои навозиши зани ҳалоли худат вақт надорӣ, барои як табассуми умедбахш (бигзор даруни он садҳо дард нуҳуфта бошанд) қувват надорӣ, аммо дар нолидан устод шудаӣ. Хуш бар ҳолат, агар чунинӣ. Хайр, ин ҳамту барои хор задан бо торҳои асаби Шумо буд, азизони дилу дида. Ман ҳам яке аз шумоям.“Агар мардам, аз номардӣ нагирям”,-мегӯяд шоир.

Сӯҳбати мо дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ буд. Бале интихобот, интихоботи шаффоф.

Интихобот чист? Аз чанд нафари сазовор сазовортаринро интихоб намудан! Аммо мо ҳанӯз намедонем, ба ҷуз раисҷумҳури кунунӣ дигар ба кӣ овоз диҳем.

Агар ин интихобот мисли инитихоботҳои қаблӣ бигзарад, пас аз роҳбарияти ҳукумат бо камоли эҳтиром хоҳиш мекунам, ки лутф кунанду интихобот баргузор накунанд. Ба ҳама маълум аст, ки кӣ хӯҷаин аст дар мулки мо. Барои кӣ лозим ин ҳама худферибиҳои шаффофияти интихобот ва хароҷоти зиёди он?

Ҳукумат худаш аз мо ҳам хубтар медонад, ки интихоботи шаффоф ба касе лозим нест. Магар интихобкунанда дардҳои кашидаашро аз бебарқӣ фаромӯш хоҳад кард? Магар интихобкунанда, ки ӯро бародараш ё падараш дар Русия асту харҷи зиндагии ӯро бар дӯш дорад ва баъзан қурбон мешавад, овозашро боз ба кӣ хоҳад дод? Магар интихобкунанда, ки барои роҳҳои ватани худашро убур кардан пул медиҳад, аз кӣ пуштибонӣ хоҳад кард?

Магар ин ҳукумат ба интихобкунанда, ҷуз ваъдаҳо дар бораи мисли афсона зиндагӣ кардан чизи дигаре дод? Агар шароит дод, магар он шароит барои асри 21 басанда аст?

Ҳамин аст, интихоботи мо? Ҳамин аст, интихоботи шаффоф?! Ё ман инҷо чӣ кор мекунам? “Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?”

Халил ҚАЮМЗОД
Мӯҳр
Абдуллоҳ
Бале бародар, фармудаҳои шумо дуруст аст. Аммо мутаассифона навиштаҳои шуморо як доираи маҳдуд мехонанд ва ба қавли шумо "баданашон ба сӯзиш медарояд". Шумо журналистон аз таъсири васоити ахбор ба афкори умумӣ огоҳ ҳастед. То замоне ки як телевизиони миллӣ-мардумӣ дар ихтиёри меҳандӯстони муттаҳид набошад, тағйиру таҳаввул дар ТҶ аз эҳтимол дур аст. Дар ҳоле ки шабакаҳои давлатӣ тамоми шабонарӯз, ба таърифу тавсифи ҳукумат машғул ҳастанд ва фикри мардумро аз сиёсат дур кардаанд. Ба қавле "шунидан кай бувад монади дидан".
Аз дигар бародарон низ мехоҳам роҳкорҳои худро мисли Халил ҚАЮМЗОД пешниҳод намоянд, то миллат огоҳии бештаре пайдо кунад ва дар интихобаш иштибоҳ накунад.

Матни оли!
Дар хакикат агар чунин бошад, чаро пулхои хангуфти бучаро ба интихоботи намоиши як актёрдор сарф кард.
Хуб мешуд ки ин маблагро барои сохтани корхоначае, ё и н ки бугхонаи гармикунандаи барк истехсол мекардаги сарф мекарданд.

Сугд
Ин Мистер Бин ба фикрам касалай шукр кун Мистер Бин ки озодона дар шахри зебои Душанбе зиндаги мекуни шукронаи ахли зарзамин кун Мистер Бин

Ин Мистер Бин ба фикрам касалай шукр кун Мистер Бин ки озодона дар шахри зебои Душанбе зиндаги мекуни шукронаи ахли зарзамин кун Мистер Бин

Изхор
Ин Халили мо андешахои хуб дорад. Лекин ман як суол дорам. Бародар халил, масалан шумо мехохед дар точикистон, ки президент бошад? дуюм саволи ман ба шумо. Масалан интихобот шаффоф мухаё шуд шумо ба ки овоз медихед дар баробари президенти кунуни? Метавони мавзуи ояндаат куни?

Хеле олӣ, оқои Қаюмзод! Баракати Аллоҳ бар шумо ва қалами шумо! Дарди дили бисёр касонро қисса кардед. Модомеки пешо пеш маълум аст, кӣ президент мешавад, пас интихобот чӣ лозим? Сари ҳамаро гаранг карда, сарфу хароҷоти зиёд карда.... ва бадтаринаш, мамлакатро такон додан ба кӣ даркор аст? Кӣ медонад, боз чанд нафари дигар қурбони ин интихобот мише....

Чамшуд
"Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?””-офарин Халилчон бародарам. Дарди дили маро гуфти. кош лакайям тавуллуд мекард дар куху пушта бехабар аз ин бадбахтии точик, кош чукчаам мекард дар чангалхои рус . намедидам саргардонихои точикро .даъво мекунем ки ин доштем он доштем . ман мегум ки хок доштем . Миллати ину он дошта хечгох ба дин сон фасодзада зиндаги намекунад. хору залил нест . хамаро мадхгуву мадхиясаро мебинам. Мана ин эшони Сирочиддин хам сар кард уже . мисли он ки касе аз у маслихат пурсида бошад дар бораи хизбхо. интихобот наздик . чи дар кор .гирему монем .барои дигар рох надорем . афсус.. Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)