Мубориза бо парандаҳо ва алаффурӯшӣ дар фурудгоҳи Душанбе
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири таъмини амнияти парвозҳо ва пур кардани хазинаи худ ба даравидани алафи ҳудуди фурудгоҳ пардохтааст.
Абдухолиқ Абдухолиқов, муҳандиси пешбари хадамоти аэродром мегӯяд, саривақт даравидани алаф имкон намедиҳад, ки паррандагон лона гузоранд: “Даравидани алаф имкон намедиҳад, ғураи алаф бирезад ва паррандагон ҷалб шаванд. Дар сурати дар ҳудуди фурудгоҳ ҷамъ шудани паррандагон эҳтимолияти бархӯрд бо ҳавопаймоҳо зиёд мешавад.”
Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳ майдони умумии алафро 110 гектар гуфта, онро инчунин манбаи ғанӣ гардондани буҷаи фурудгоҳ арзёбӣ намуд: “То имрӯз алафи даравидашуда қисман ба кормандони фурудгоҳ ва асосан ба хоҷагии деҳқонии «Сабзикор»-и ноҳияи Рудакӣ фурухта шуд.”
Шодиев илова намуд, ки дар мавсими алафдаравӣ дар фурудгоҳ 6 тарактор, 5 комбайни алафдарави КИР-1,5 ва 7 тележка мавриди истифода қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |