Як масъули Хадамот: “Тоҷикон аз маҷбурӣ кори сиёҳ мекунанд”
![](https://www.ozodagon.com/uploads/posts/2013-06/1372052680_mamudon-horkashov.jpg)
Дар тӯли панҷ моҳи соли ҷорӣ ба камияш беш аз 200 ҳазор сокини вилояти Хатлон ба қасди муҳоҷирати корӣ кишварро тарк кардаанд.
Маҳмудҷон Хоркашов, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, аммо ин рақам ҳадди ниҳоӣ нест. Зеро ба гуфтаи ӯ, ин рақам фақат мансуб ба фурудгоҳҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб буда, ҳисоби дигар фурудгоҳ ва истгоҳҳои роҳи оҳан то ҳол мушаххас нагардидааст.
Оқои Хоркашов дар мавриди изҳороти ахири Хадамоти муҳоҷирати Русия, ки гуфтааст, аксари қонуншиканҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистонанд, низ суҳбат карда ва афзуд: “Мардуми тоҷикро гунаҳкор карданӣ нестам, вале мутаассифона, ҳоло 60-70 фоизи муҳоҷирони мо ҳеҷ ихтисос надоранд. Бояд урфу одати мардуми маҳаллиро донӣ, забонро хуб балад бошӣ, аммо мардуми мо, асосан онҳое, ки баъди солҳои 90-уми асри гузашта ба Русия мераванд, дар ин масъала сустанд. Ин айбҳо ҳам барои мо мушкил эҷод мекунад ва ҳам барои корфармо. Маркази таълими калонсолони вилоят ҳоло ба ҳалли ин мушкил машғул аст ва дар инҷо сокинон дар 2-3 моҳ соҳиби ихтисоси дилхоҳ мешаванд”.
Мусоҳиби мо илова кард, “то шаҳрванди Русия набошӣ, дар онҷо кори ғайри сиёҳ пайдо карда наметавонӣ, ҳарчанд маълумоти олӣ ва ихтисоси инжинерию дигар дошта бошӣ... Музди маоше, ки мардуми мо дар корҳои паст мегиранд, мардуми маҳаллӣ бо ин маош кор намекунанд. Мардуми мо аз маҷбурӣ ин корҳоро иҷро мекунанд.”
Ин маъсули Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Хатлон дар мавриди муҳоҷирати хориҷиён ба кишвар низ суҳбат кард. Вай гуфт, дар тӯли панҷ моҳи ахир ҳудуди 900 шаҳрванди хориҷӣ барои кор ба вилояти Хатлон омадаанд, ки асосан аз Хитой, Эрон, Афғонистон ва Парагвайанд.
Ӯ афзуд, дар як моҳ ба ҳисоби миёна 300 нафар тоҷири афғону эронӣ ба вилоят ворид шудаанд. Дар истинод ба ин манбаъ, на фақат мардуми мо қоидаҳои будубош дар кишвари ғайрро гоҳо риоя намекардаанд, балки шаҳрвандони дигар давлатҳо низ дар ҳудуди вилояти Хатлон ба қонунвайронкунӣ даст мезадаанд. Ҳамин тариқ, фақат дар муддати 20 рӯзи баргузории амалиёти “Нелегал-2013”, ки дар 197 манзил дар ҳудуди вилояти Хатлон сурат гирифтааст, се фард аз қаламрави кишвар берун карда шудааст. Дар панҷ моҳ бошад, 25 шаҳрванди хориҷӣ ба қонуншиканӣ даст задаанд, ки аз инҳо 15 нафараш аз ҳудуди Тоҷикистон берун карда шудааст.Дар акс: Маҳмудҷон Хоркашев, масъули Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |