Мунозираи хонандагон: Эмомалӣ Раҳмон марди хуб аст, вале...
Ин шабу рӯз аз хонандагони худ шарҳу номаҳои зиёде мегирем. Мутаассифона, баъзе аз ин шарҳҳо аз таҳқиру дашном орӣ нестанд ва аз ин рӯ имкони нашрашон вуҷуд надорад. Ба ҳар ҳол, сипос аз ҳамаи хонандагон, ки назари худро нисбат ба масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баён медоранд. Ҳоло, як номаеро аз Ҷамшед ном хонандаи худ нашр мекунем, ки ба мақолаи “Ин миллат дигар Раҳмон надорад?” навиштааст. Ин хонандаи мо зоҳиран аз назари хонандаи дигари мо бо номи “Қишлоқӣ” чандон розӣ нест, ки хитоб ба ӯ навиштааст:
“(Ноширони азиз! Илтимос, ҳамин матлабро нашр кунед)
Мутаассифона, Интернет ба ҳама имконияти сухан медиҳад. Ҳоло акнун калу кӯр ҳам сиёсатбозу сиёсатдон шудааст.
Охир, муддати президентӣ ҳам як ҳадду канор дорад! Эмомалӣ Раҳмон марди хуб аст, вале ин маънои он надорад, ки то ба лаҳзаҳои охирин сари қудрат бошад.
Тоҷикистон як ҷумҳурӣ аст, мефаҳмед, яъне Сарқонун дорад. Магар Сарқонуни Тоҷикистон ба як нафар иҷозат медиҳад, ки як умр президенти кишвар бошад? Фақат монархҳо (шоҳон, маликаҳо) ин ҳуқуқро доранд, ки дар кишвари онҳо Конститутсия вуҷуд надорад (Англия, Норвегия, Дания, Испания, Арабистони Саудӣ ва чанде дигар). Онҷо аз рӯи маҷмӯи қонунҳо кор бурда мешавад.
Агар мо хоҳем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сардори давлат монад, пас, калимаи "ҷумҳурӣ" ва "сарқонун"-ро бояд барҳам бидиҳем ва номи давлатро фақат "ТОҶИКИСТОН" ё "ШОҲИГАРИИ ТОҶИКИСТОН" гузорем, яъне бе калимаи "ҷумҳурӣ". Баъд аз он Эмомалӣ Раҳмон метавонад то дами вопасин шоҳи мамлакаташ шавад, на ПРЕЗИДЕНТ. Зеро "президентшавӣ" муддати муайян дорад ва як кас наметавонад беохир президент бошад.
Ту, оқои "Қишлоқӣ" (номатро монӣ намешавад?) ин чизҳоро мефаҳмӣ? Аз куҷо ҳам фаҳмӣ, вақте ки мардони давлат намефаҳманд ё худро ба нодонӣ мезананд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |