Олга Тутубалина: “Аз ҳеч кас маъзарат нахоҳам хост”
Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-Плюс”, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои нашри матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” аз ҳеч кас маъзарат нахоҳад хост. Чун ба гуфтаи ӯ, “касеро таҳқир накардаам ва ҷое барои маъзаратхоҳӣ намебинам”.
Аз ин пештар, рӯзи 22-юми июн, Меҳмон Бахтӣ -- раиси Иттиҳоди нависандагони Тҷоикистон гуфта буд, ахиран раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ дар ҷаласаи муштарак матлаби Олга Тутубалина, таҳти унвони “Неинтеллигентно об интеллигенции”-ро муҳокима карданд ва “пешниҳод намудам, ки ба додгоҳ муроҷиатнома набарем.”
Раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон шарти ин пешниҳодашро дар он гуфт, ки “агар Тутубалина аз зиёиёни тоҷик узрхоҳӣ намояд.”
Олга Тутабалина дар матлаби “Неинтеллигентно об интеллигенции” бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбт ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Ин изҳороти Тутубалинаро бархе аз зиёиёни тоҷик таҳқири миллат ва тамоми қишри зиёӣ хонда, изҳор дошта буданд, ки аз болои муаллиф ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд бурд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |