Амрико хостори боздошт ва истирдоди Эдуард Сновден шуд
Ҳукумати Амрико Эдуард Сновденро ба ҷосусӣ муттаҳам карда, додгоҳи федеролии иёлоти Вирҷиния алайҳи ӯ парванда боз намудааст.
Бино ба иттилои расонаҳои ғарбӣ ИМА аз мақомоти интизомии Ҳонг Конг хостааст, ки Сновденро боздошт ва ба Амрико истирдод кунад.
Сновден як корманди қарордодии Оҷонси амнияти миллии Амрико буд, ки баъдан маълумот дар мавриди гуфтугӯҳои сиррии телефонӣ ва назорат бар барномаҳои интернетиро моли расонаҳо кард.
Додгоҳ Сновденро барои ҷусусӣ, дуздии маълумот ва дастрасии худсарона ба маълумоти кашф гунаҳгор медонад.
Гуфта мешавад, барои ҳар яке аз ин гуноҳҳо тибқи қонун 10 соли ҳабс пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |