Дар ҷараёни мулоқот Оливе Декамп гуфт, имрўз рушди муносибот бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварҳо ва сохторҳои Иттиҳоди Аврупо аст ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи ин сиёсат саҳми намоёни худро мегузорад. Номбурда афзуд, соли гузашта Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои дастгирии бонкҳо, созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо намуда буд, имсол бошад ин маблағ ба 50 миллион мерасад ва минбаъд чунин дастгирӣ мунтазам афзоиш хоҳад ёфт.
Маврид ба тазаккур аст, ки дастгирии бахши хусусӣ, бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |