«Чарх» ба Хуҷанд омад
Санаи 22-юми июни соли ҷорӣ дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ нахустнамоиши филми ҳунарии Шаҳзод Раҷабов бо унвони «Чарх» барои сокинони шаҳри Хуҷанд пешкаш шуд. Он дар чаҳор баст соатҳои 10:00, 12:00, 14:00, 16:00 пешниҳоди дӯстдорони синамо мегардад.
Ҳамкори расонаи «Озодагон» аз шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар басти аввал чун дар дигар намоиши филмҳои ҳунарӣ қисми зиёди толор холӣ буд.
Дар филм ҳунармандони шинохтаи тоҷик Убайдуллои Раҷаб, Абдулҳамид Раҳимов, Ҳасан Чиллаев, Хусрав Саидов, Маҳмадсаид Пиров ва Шаҳзод Раҷабов ҳунарнамоӣ кардаанд. Дар назар аст, ки дар охири ҳар басти намоиш саҳнаҳои Убайдуллои Раҷаб гузошта шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |