Бахшҳо
22 июн 2013 10:25Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Боздошти мулло Ҷаббор барои “чашмбандӣ” ва дуздии 80 000$

Кормандони Раёсати Вазорати умури дохилии вилояти Хатлон як гурӯҳи мутташакили ҷиноиро бо сарварии муллое боздошт намудаанд, ки дар рабудани маблағҳои калон муттаҳам мешаванд.

Тавре аз раёсати мазкур хабар доданд, Ҷаббор Атохӯҷаевич Абдурраҳмонов, сокини ноҳияи Бохтар, ки даъвии муллоӣ дорад, се нафар шарики ҷавонашро ба амали дуздӣ ташвиқ намуда, гуфтааст, бо чашмбандӣ ва дуохонӣ пеши корро мекушояд ва баъд аз дуздӣ низ касе наметавонад онҳоро дастгир созад.

Бо ҳамин бовар ин се нафар ҷавон, ки масъули тафтишот то хатми парванда аз ифшои номашон худдорӣ варзид, рӯзи 17-уми феврали соли 2013, тақрибан соати 01.30 аз манзили истиқоматии соҳибкор Толиб, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, як адад сандуқи фӯлодиро, ки дар дохилаш беш аз 80 ҳазор доллари ИМА нигоҳдорӣ мешудааст, ба яғмо бурдаанд.

Мақомот мегӯянд, мулло Ҷаббор барои хизмати “чашмбандӣ” аз шариконаш 35 ҳазор доллари ИМА ҳақмузд гирифтааст.

Айни ҳол тафтиши қазия аз ҷониби РВКД-и вилояти Хатлон алҳол ҷараён дорад.
Мӯҳр
Анас
Шумо бояд калимаи муллоро дар нохунак мегирифтед е ин ки ин калимаро аслан истифода намебурдед.Чун ки инхо мулло не балки чодугаранд.

Анекдот шудаст-ку ин! Аммо ман мехохам дар дигар хусус гуям: бачахо, хеч гох сандуки фулодиро СЕЙФ нагуед, зеро осон ва фахмо аст. Мабодо ба хонанда фахмидани навиштахоятон фахмо нашаваду нагуяд, ки инхо савод хам надоштаанд! Ва боз пешниход мекунам, ки калимахои иктибосии ЧОЙНИК (руси), КАЛУШ (франсузи) ва гайра аз забон бардошта шаванду ба чойи онхо КОСАИ САРПУШУ ЧУМАКДОР ва ПОПУШИ РЕЗИНИ ва монанди инхо истифода шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)