Бахшҳо

Иттифоқи истеъмолгарон: Муштариён ҳақ доранд аз IRS ҷуброни зарари моддию маънавӣ талабанд

Дилошӯб Орифзода

Шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ ягона роҳест, ки аз таъмири капиталӣ баромадааст ва пулакӣ мебошад. Пас аз ба истифода дода шудани он ва ҷорӣ шудани сиситемаи пулакии роҳ мардум садои норизоӣ баланд мекарданд, ки аз онҳо маблағи гарон ситонида мешавад. Аммо бо гузашти вақт, ҳама «одат» карданд. Ба қавли дигар давои тамоми «беморӣ» вақт аст, роҳгузарон низ дигар «мӯҳри» хомӯшӣ ба даҳон заданд. Имрӯз ҳатто 31 киллометри шоҳроҳ вайрона асту ҳама бе чуну чаро маблағҳоро пардохт карда истодаанд ва касе аз ҳуқуқҳои худ дифоъ намекунад.

Дар 31 км 240 «аломатҳои геометрӣ»

Пас аз ба истифода дода шудани нақби Шаҳристон томоми сокинони вилоят шод буданд, ки яке аз мушкилоти асосӣ бартараф гардид. Ҳатто дар ин рӯз сарвари давлат низ хурсанд буд, зеро дар рӯзи кушодашавии нақби мазкур ташриф оварда буд. Мо низ гумон карда будем, ки аз ин баъд дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ як мушкил боқӣ монду бас, яъне нақби пур аз оби Истиқлол. Аммо сафари ҳафтаи қаблиямон, ки то ноҳияи Айнӣ тӯл кашид, ақидаамонро ботил сохт, зеро пас аз нақби Шаҳристон дар ҳар қадам як чуқурӣ моро «пешвоз» мегирифт. Манзурам ин аст, ки аз 138 то 169-ум километри шоҳроҳ таъмир оғоз гардидааст ва ба қавли ронанда, зиёда аз як моҳ аст, ки асфалтпӯш нагардидааст. Чуқуриҳои роҳро чоркунҷаву секунҷа, роскунҷаву ромбшакл бурида буданд.

Дар вақте, ки аз самти Хуҷанд ба Айнӣ сафар мекардем, чуқуриҳо аз 100 зиёд гардид ва аз сабаби он ки бо ангуштонам мешуморидам ҳисобамро гум кардам. Қарор додам, ки дар вақти бозгашт, дақиқан ҳисоб мекунам. Вақте ки ба 138-ум км расидем дафтарчаро гирифтам ва ҳисобро оғоз кардам. 1, 2, 3, 4, 5, … ваҳ 100, 101, 102, … наход 200 ва билохира 244, агар хато карда бошам, аз масъулин маъзарат мехоҳам.

Дар 14 рӯзи тақвимӣ камбудӣ бояд бартараф гардад

Солҳост, коршиносон ва мухолифини ҳукумати кунунӣ даъво мекунанд, ки дар Тоҷикистон қонун танҳо дар рӯи қоғаз аст. Ва боз илова менамоянд, танҳо барои онҳое қонун эътибор дорад, ки аз қишри поёнии ҷомеа мебошанд. Дар баъзе марид чунин сурат гирифтани ҳолатро ҳолдонҳо дар он мебинанд, ки қисми зиёди мардуми кишвар, аз ҳуқуқҳои худ бехабаранд. Ин гуфта то ҷое дуруст ҳам ҳаст, зеро мушоҳидаи чанд рӯз қабл ба чунин андеша кардан, маро водор сохт.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ягона қонунест, ки аз ҳаққу ҳуқуқи истифодабарандагони мол ё хизматрасонӣ дифо мекунад. Ҳуқуқшиноси Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Илҳом Абидов дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки бо ин масъала касе ба ташкилоти онҳо муроҷиат накардааст, аммо ба ҳар ҳол ӯ афзуд, ки дар ин ҳолат ҳуқуқи истеъмолкунандагон поймол гардидааст ва сабабашро чунин шарҳ дод: «Ҳар як истеъмолкунанда шахсе, шаҳрванде, ё ин ки ташкилоте мебошад, барои мол ё хизматрасонӣ маблағ пардохт мекунад ва дар ивази маблағаш бояд ҳамон хизматрасониро бо сифати хуб гирифта бошад. Аз ин сабаб, агар истеъмолкунанда ҳаққи хизматрасониро пардозаду сифати хизматрасонӣ ба таври дуруст риоя нашуда бошад, ҳуқуқи истеъмолкунанда ба сифат поймол карда мешавад. Ин чунин ҳангоме, ки камбудии хизматрасонӣ ошкор карда мешавад, бояд ҳамон хизматрасонӣ дар давоми 14-рӯзи тақвимӣ аз тарафи иҷрокунанда бартараф карда шавад»- дар идомаи сӯҳбат ҳамчунин илова намуд, ки агар дар шартнома муҳлати аз ин дарозтар пешбинӣ нашуда бошад: "Яъне дар шартномае, ки байни иҷрокунанда ва истеъмолкунанда баста шудаааст, аз ин мӯҳлати дарозтар муайян гардида бошад, иҷрокунанда метавонад дар мӯҳлати муайяншуда мушкилиро бартараф созад. Агар ин муҳлат умуман муайян нагардида бошад, қонунгузор дар ин маврид мегӯяд, ки ин камбудӣ дар давоми 14-рӯзи тақвимӣ бартараф карда шавад."

Ба IRS қонун аҳамият надорад?

Дар моддаи 29-уми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» омадааст, ки камбудӣ бояд дар 14 рӯзи тақвимӣ бартараф гардад. Дар идомаи моддаи мазкур оварда шудааст: «Барои риоя накардани муҳлати пешбининамудаи моддаи мазкур ҷиҳати рафъи камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) иҷро¬кунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рӯзи гузаштани муҳлат ба андозаи як фоизи арзиши иҷрои кор ноустуворона (пушаймона) мепардозад».
Аз ҳуқуқшинос Илҳом Абидов хостем то моддаи 29-умро бароямон шарҳ диҳад. Ӯ тариқи мисол аз рафти кори IRS фаҳмонид: "Масалан, агар тарозуи Шаҳристон аз категория якум 23 сомонӣ мабалағ бигирад, як фоизаш 0.23 дирам мешавад. Яъне, ҳар маротиба мошинае, ки аз ин тарозу мегузарад, бояд ба ронанда ин миқдор маблағ пардохт карда шавад. Бар замми ройгон хизмат расониданашон".

Барои 138 то 169-ум км-и шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ аз ҷониби Душанбе ба тарафи Хуҷанд омадан, тарозуи Майхура ва аз самти шимол ба тарафи ҷунуб сафар кардан, тарозуи Шаҳристон маблағ мегирад. Бояд гуфт, гарчанде як қисми роҳ вайрон гардида бошад, ҳам барои ронандагон сабукӣ нест, яъне ҳамон маблағе, ки қаблан гирифта мешуд, алҳол низ ин миқдор ситонида мешавад. Сабаби кам нагардидани хизматрасониро менеҷери минтақи Зарафшон Содиқбек Холиқов чунин шарҳ дод: «Дар 1 км роҳ ҳамаги 20-25 метр вайрон, аз ронадагон маъзарат мехоҳем, аммо роҳ чунон вайрон нест, ки аз он гузашта нашавад.»

Дар давоми суҳбат Содиқбек Холиқов ба «Озодагон» гуфт, ки дар км мазкур ҳамаги 20-25 %-и роҳ вайрон гардидааст. Ин гуфтаи ӯ моро ба шубҳа овард ва маҷбур сохт суханҳои ӯро санҷем. Каме пештар Холиқов гуфта буд, ки дар 1 км ҳамагӣ 20-25 метр роҳ вайрон гардидааст, яъне дар 31 км, агар 20 метр роҳ корношоям шуда бошад, ҳамаги 620 метр вайрон шудааст. Агар 25 ҳисоб кунем 775 метрро нишон медиҳад. Ба ғайр аз ин ӯ боз илова намуд, ки таъмир дар 20-25 % клометрҳои 138 – 169 идома дорад. Агар 20 % -и 31 кмро муайян кунем, 6 км 200 метр мешавад ва 25 %- аш 7 км 750 метр мебошад. Ба ҳар ҳол дар кадом мавриде, ки набошад, бояд иҷрокунанда камбудияшро дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун бартараф созад.

Прокурори вилояти Суғд аз вайрон будани роҳҳо нигарон аст

Дар ҷаласаи васеи машваратӣ, ки санаи 6-уми июн дар бинои прокуратураи вилояти Суғд гузаронида шуд, прокурор Шариф Қурбонов аз таъмини бехатарӣ дар роҳҳо изҳори нигаронӣ кард. Таъмину бехатарии роҳҳо аз ҷониби масъулин дар вилоят на онқадар хуб ба роҳ монда шудааст. "Дар бисёр мамлакатҳои пешрафта як қисмати эҳтиётии оҳани мошинашон шиканад, аризаи даъвоӣ мекунанд. Агар корхонаву муассиса ба таври ихтиёрӣ зарари соҳиби нақлиётро барқарор накунанд, пас бо ариза ҳамин шаҳрванд ба суд муроҷиат мекунад, ки ман андозро месупорам, аммо аз сабаби вайрон будани роҳ ба ман зарари ҷиддии молӣ расонида шуд. Аз ҳамин хотир аризаи даъвогӣ баррасӣ карда шавад ва зарари пулӣ барқарор гардад", - гуфт дар ҷаласаи васеи машваратӣ прокурори вилоят Шариф Қубонов.

Мувофиқ ба қонунҳои ҷории мамлакат ронанда на танҳо зарари моддӣ, балки ҳуқуқ дорад зараи маънавӣ низ талаб кунад. «Агар истеъмолкунанда исбот кунад, ки дар ҳақиқат мошинаи ӯ бинобар вайрон будани роҳ корношоям шудааст, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, ҷуброни ин зарарро аз ширкате, ки хизматрасониро пешниҳод кардааст, талаб намояд. Агар ронанда ҳатто аз вайрон будани роҳ асабӣ шавад ва зарари маънавӣ бинад, метавонад ҷубронашро аз ширкат талаб кунад, - гуфт ҳуқуқшиноси Иттифоқи истеъмолкунандагони вилояти Суғд Илҳом Абидов.

Ёдовар мешавем, ки IRS ширкати хориҷӣ буда, муассиси он то ҳол барои омма номаълум аст. Хабарнигорони дохиливу хориҷӣ борҳо кӯшиш намуданд, то ки маблағгузори ташкилотро муайян кунанд, вале муваффақ нагардиданд. Коршиносон тахмин мекунанд, ки соҳибмулки IRS аз оилаҳои бонуфузи кишвар мебошанд. Аммо ин гуфтаро роҳбарияти IRS инкор мекунанд. Бояд гуфт, ширкати мазкур аз пардохт намудани андоз озод аст ва ба муҳлати 30 сол истифодаи шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бар зиммаи ширкати IRS аст.
Мӯҳр
Ширкат барои пурраи коршоям будани рох чавобгар аст. Дар мавриди риоя накардани ин ухдадорияш мо низ бояд маблаги ин хизматрамониро пардохт накунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)