Такрор ҳам шавад, мегӯям: Сулҳ беҳтар аз ҷанг аст!
Намедонам, кадом омил боис гашт ва маро таҳрик дод, ки дар бораи ҷангу сулҳ биандешам. Аммо дақиқ медонам, ки ин бардоште аз таърих аст, аз гузаштаи дур ва начандон дури миллату Ватан.
Бале, сарнавишти ҳамон ватани умумӣ - СССР, ки алъон барои мо собиқ маҳсуб мегардад ва тақдири Тоҷикистони муосир.
72 сол қабл аз ин, дар ҳамин шабу рӯз Олмони нозӣ (фашистӣ) ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Артиши ҳитлерӣ дар сари роҳи худ монеа намедид, агар ҳам медид, онро ба бод медод. Ҷони инсон барои инсонҳои дигар ва пеши онҳо баробар ба хасе арзиш надошт. Аврупо саросар дар оташи ҷанг месӯхт, киштаҳо хароб, роҳҳо вайрон, қасру кӯшкҳо бар хок фурӯ мерафтанд…
Давлате, ки ҳамакнун қомат рост мекард, дар баробари будан ва ё нобудӣ қарор гирифт. Ҳарчанд он ҷанг дур аз Тоҷикистон шурӯъ шуд ва хатари камтаре ба ҷумҳурии мо дошт, аммо баробар бо 14 бародари дигар Душанбе ҳам алайҳи душман ба мубориза бархост. 1418 шабонарӯзи муқовимат, набарду ҷонбозиҳо билохира ба пирӯзӣ анҷом ёфт. Ғалабае, ки поёнаш сулҳ буд, мусолиҳае, ки ҷони беш аз 27 миллион шаҳрванди СССР-ро гирифт. Агар ба арқоми давраи ҷанг (Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ё ҳамон ҷанги дуюми ҷаҳонӣ) бовар кунем, ҳудуди 200 ҳазор шаҳиди корзори ҷанг аз шумули тоҷикистониён дар майдонҳои ҳарбу зарб дорем. То расидани артиши Шӯравӣ ба Берлин ва қомат афрохтани ливои зафар дар Рейхстаг басо хун рехта шуд, ки таърих мисолашро ёд надорад.
Такрор ҳам шавад, мегӯям: Ҷанге, ки оқибати он ҳам боз ба сулҳ анҷом ёфт ва сулҳ беҳтар аз ҷанг аст. Навсозӣ ва ё худ бозсозии горбачёвӣ дар охири солҳои 80-уми асри 20 заминаҳои фаношавии собиқ Ватанамон - СССР-ро фароҳам овард. Дар кишварҳои Назди Балтику Қафқоз, Русияву Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон аҳён-аҳён, баъзан зуд-зуд мавҷи эътирозҳои мардумӣ алорағми низоми коммунистӣ ва яккаҳизбӣ баланд шудан гирифт. Дар Душанбеву Хуҷанд, Кулобу Хоруғ ва Қӯрғонтеппа гирдиҳамоии оммавӣ баргузор мешуд.
Талаби давлатӣ кардани забони тоҷикӣ, даъвои истиқлолият, таъсиси артиши миллӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ ва мунҳал кардани фаъолияти ҳизби коммунистӣ аз умдатарин пешниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Дуруст аст, ки бархе аз ин талабҳо дар парлумони вақту идораҳои ҳукумат баррасӣ гардида, ҳалли худро пайдо карданд. Аммо бадхоҳону нотавонбинони миллат пеши роҳи истиқлолхоҳону ислоҳталабонро гирифтанд.
Билохира, Тоҷикистонро, халқи онро ду тақсим карда, ба низоъ кашиданд. Миллат ба «вовчик»-у «юрчик», «худӣ» ва «бегона» тақсим шуд. Ин кашмакаши дохилӣ барои Тоҷикистон паёмади сангин дошт, ки онро то ҳанӯз дар тани захмини кишвар эҳсос кардан мумкин аст. Болатар аз ҳама, боз риштаи умри ҳазорон-ҳазор ҳамватанамон канда шуда, теъдоди қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ ба 150 ҳазор нафар расид.
Бо гузашти чанд сол ақли солим боло гирифт, ҷонибҳо сари мизи музокирот нишастанд. Роҳи наҷот ҷустанд ва онро пайдо карданд. Бале, мусолиҳаи миллӣ ва он ҳам бо тавофуқи ду ҷониби даргир. Он яке ҳукумати вақту дигар - нерӯҳои мухолиф.
Инак, 16 сол боз Тоҷикистон дар фазои СУЛҲ ва ТАФОҲУМ ба сар мебарад. Сулҳе, ки ба ивази ҷони инсонҳо ба даст омад. Пас, саъй мебояд кард, то ин МУСОЛИҲА воқеан пойдор бимонад, албатта, бо арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ, новобаста аз дидгоҳҳои идеологӣ ва бигӯ-магӯҳои маҷозиву сиёсӣ.
Хилватшоҳи МАҲМУД
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |