Сямэн 15-умин бародаршаҳри Душанбе шуд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо мири шаҳри Сямэни Чин, Лю Кэтсин паймони бародаршаҳриро ба имзо расонданд ва ҳамин тариқ Сямэн 15-умин бародаршаҳри Душанбе гардид.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ миёни мақомоти Душанбе ва Сямэн инчунин созишнома дар бораи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба имзо расонида шуд.
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот раисони ду бародаршаҳр ва ҳайатҳои он ба роҳ мондан ва тавсеаи равобити мутақобилан судманди Душанбе ва Сямэнро баррасӣ намуда, аз корхонаҳои саноатии муштараки Чину Тоҷикистон дар Душанбе дидан намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |