Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ ва 30 ҳазор сомонӣ
Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми ФФТ-2013-ро ба роҳ монд.
Мусобиқаи мазкур аз ду давра иборат аст буда рӯзи якшанбе, 23-юми июн оғоз мегардад. Марҳалаи аввали бозиҳо дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд доир мегардад.
Марҳалаи пешакии бозиҳо, ки аз 23 то 28-уми июн дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат доир мешавад, дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, ССКА “Помир”-и Душанбе, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”- и ноҳияи Рӯдакӣ қувваозмоӣ мекунанд. Бозиҳо дар як давра баргузор мешаванд.
Баъди анҷоми даври пешакӣ аз ҳарду минтақа ду дастаи пешсаф ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфта дар сафар ва дар меҳмонӣ миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, ду дастаи ғолиби даври нимниҳоӣ ба даври ҳалкунанда роҳ меёбанд.
Маблағи ҷоизаҳои мусобиқа 30 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Барандаи Ҷоми ФФТ соҳиби 20 ҳазор сомонӣ ва дастае, ки ба даври ниҳоӣ мебарояд соҳиби 10 ҳазор сомонӣ хоҳад шуд.
Ҷоми ФФТ, Бозиҳои пешакӣ, Минтақаи Душанбе, Даври 1-ум:
23 июн (якшанбе), “Кӯктош” – “Хайр”
24 июн (душанбе), “Истиқлол” - ССКА “Помир”
Даври дуюм:
25 июн (сешанбе), “Хайр” – “Истиқлол”
26 июн (чоршанбе), ССКА “Помир” – “Кӯктош”
Даври 3-юм
27 июн (панҷшанбе), “Кӯктош” – “Истиқлол”
28 июн (ҷумъа), “Хайр” - ССКА “Помир”
Оғози ҳамаи бозиҳо - соати 18:00
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |