Одобномаи корбарони интернет: Ахлоқ ё маҳдудият?
Тарҳи ибтидоии Одобномаи корбарони Интернет ё Одобномаи шаҳрванди электронӣ барои муҳокимаи корбарони Интернет пешниҳод шудааст.
Дар муқаддимаи ин тарҳ гуфта мешавад, “мо аъзои ҷомеаи иттилоотии рақамӣ одобномаи шаҳрванди электрониро пазируфта, бар онем, ки меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар ҳаёти виртуалӣ ҳам бояд пурра риоя гарданд”.
Таҳиякунандаҳои тарҳи ин одобнома мегӯянд, меъёрҳои он ҳам дар муошират бо телефони ҳамроҳ ва ҳам дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет татбиқ мегарданд.
Аз ин пеш Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет ба «Озодагон» гуфта буд, тарҳи одобномаро ба гуруҳи корие, ки зери котиботи Шӯрои оид ба ТИК-и назди раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолият доранд, пешниҳод кардаанд. Қарор аст, ин тарҳ рӯзи 24-уми июн бо ҳузури фаъолони Интернет, хабарнигорон ва мақомот низ дар Душанбе баррасӣ шавад.
Тарҳи ибтидоии Одобномаи шаҳрванди электронӣ аз 21 банд иборат аст:
1. Манфиатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми истифодаю татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ авлавият доранд.
2. Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек дар фазои виртуалӣ ҳам, новобаста аз макону замон, ҳатмианд.
3. Риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонунҳои миллӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар фазои виртуалӣ низ ҳатмианд.
4. Одоби муошират ҳангоми истифодаи ТИК ҳам бояд риоя гардад, аз ҷумла муроҷиаткунанда бояд худашро муаррифӣ намуда, мақсади муроҷиати худро ба таври кӯтоҳ ва возеҳ фаҳмонад.
5. Риояи одоби истифодаи сарчашмаҳо ва манбаъҳо тавассути ТИК низ ҳатмӣ мебошад.
6. Риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва анъанаҳои миллӣ дар фазои виртуалӣ низ ҳатмианд.
7. Муоширати дурударози безарурат бо телефон ва дигар воситаҳои алоқа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷоиз нест.
8. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тавассути ТИК истифодаи садоҳои гӯшхарош, суханони қабеҳу беодобона ва баланд гӯш кардани мусиқӣ қобили қабул нест.
9. ТИК бояд тарзе истифода шавад, ки ба фароғати дигарон халал ва ба саломатии онҳо зарар нарасонад.
10. Ба таҷҳизот ва воситаҳои технологии дигарон бе иҷозат расидан ва аз он истифода бурдан мумкин нест.
11. Истифодаи ТИК барои таъқиб, таҳқир, тӯҳмат, иғво, воҳима, ғаразварзӣ, маҳалгароӣ ва дигар амалҳои манфӣ манъ аст.
12. Эҳтироми моликияти зеҳнӣ ҳатмӣ буда, бо истифода аз ТИК низ асардуздӣ (плагиат) манъ аст.
13. Сухан ва маълумоти шахси дигарро таҳриф ва коста намудани мазмуни он мумкин нест.
14. Ба воситаи ТИК спам (ҳарзанома) фиристодан мумкин нест.
15. Маълумоти шахсии инсон дар фазои виртуалӣ ҳам дахолатнопазир буда, истифодаи беиҷозати он мумкин нест.
16. Табъизи миллӣ, забонӣ, динӣ, нажодӣ ва гендерӣ дар фазои виртуалӣ низ манъ аст.
17. Аз донишу малакаи нокифояи технологию иттилоотии дигарон суйистифода кардан ҷоиз нест.
18. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва ниёзмандон вазифаи афзалиятнок дар фазои ТИК мебошад.
19. Шарҳу посухи беодобонаю ғайриқонунии маълумоти дигарон манъ аст.
20. Ҳар шахс барои маълумоти интишоркардаи худ масъул мебошад.
21. Ҳар шахс барои вайрон намудани одоб дар фазои виртуалӣ бояд масъулият ҳис намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |