Баҳси ҳамкориҳои Тоҷикистону СММ дар Душанбе
Имрӯз 20-уми июн Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Свен Алкалай, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони милали муттаҳид барои Аврупоро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз вазорати хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи марказӣ, мавзӯи обу энергетика, пешниҳодҳо роҷеъ ба таҳкими бештари Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) ва авлавиятҳои милливу минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Масъалаҳои тадорукот ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 67/204 дар шаҳри Душанбе 20-21 августи соли равон баргузор мегардад, дар ин вохӯрӣ баррасӣ гардидаанд.
Ҷонибҳо бо таъкиди қаноатмандӣ аз сатҳи баланди ҳамкории самарабахш, ба густариши бештари муносибатҳо дар соҳаҳои нақлиёт, тиҷорат ва муҳити зист изҳори умедворӣ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |