Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои пайдо кардани қотилони Бобоевҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми июн, зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ба мақомоти қудратии вилоят дастур додааст, ки қотилони хонаводаи соҳибкор, Аҳмадхӯҷа Бобоевро пайдо кунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур дар машварат инчунин натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд тайи солҳои охир ва дар 5 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас карда шуд.
Дастуроти раисиҷумҳур барои пайдо кардани қотилони хонаводаи Бобоевҳо дар ҳолест, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, соҳибкорони Суғд барои нафароне, ки барои ошкор кардани қатли 5 узви хонаводаи ин соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусоидат мекунанд, 30 ҳазор доллар подош хоҳанд дод. Вазорат мегӯяд, ин иқдоми соҳибкорони шимоли кишвар буда, ба вусъати раванди тафтишот нигаронда шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, барои таҳқиқи қатли панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис ёфтааст: “Сардорони Раёсати кофтукоби ҷиноӣ, Раёсати ташхиси криминалистии ВУД ва Раёсати умури дохилӣ дар Суғд барои кушодани ҷинояти мазкур сафарбар шуда, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии вазири умури дохилӣ қарор дорад.” Аз рӯи ин ҳодиса Додситонии вилояти Суғд ҳам парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, соати чори субҳи дувуми июни соли ҷорӣ “шахсони номаълум бо яроқи оташфишон мусаллаҳ гашта, бо мақсади роҳзанӣ” ба манзили Аҳмадхӯҷа Бобоев (соли таваллудаш 1973), сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даромада, ӯву ҳамсараш ва се фарзанди кӯчакашонро ба қатл расондаанд.
Ба қавли манбаъ, оқои Бобоев ва ҳамсари 39-солааш -- Ҳаётхон Бобоева соҳибкор будаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, афроди ношинос фарзандони ин хонавода -- Рухшона Бобоева, хонандаи синфи 9, Суҳробҷон Бобоев, хонандаи синфи 8-ро бо истифода аз яроқи оташфишони тамғаи АКМ-5,45-мм ба қатл расонда, Санҷарбеки шашсоларо ба ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намудаанд, ки аз дуди оташ заҳролуд гаштаву ба ҳалокат расидааст.”
Ба иттилои манбаъ, ин афрод “дари сандуқи оҳании дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо шикаста, тахминан ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф намуда, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояташон бо истифодаи бензин хонаи истиқоматии Аҳмадхӯҷа Бобоевро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |