Манъи намозгузории беш аз 200 зан дар Оббурдони Масчо
Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар Масчо бо ирсоли як нома аз додситонии ин ноҳия хостаанд, ба 250 зани деҳаи Оббурдон иҷоза бидиҳад, то намози ҷумъаро дар масҷид бигузоранд.
Илҳом Беков, масъули ҲНИТ дар Масчо, рӯзи 20-уми июн ба “Озодагон” гуфт, дар ҳоле ки мақомот аз ҳаққи баробари зану мард сӯҳбат мекунанд, набояд монеи намозгузории онҳо дар масҷид бишаванд.
Ба қавли ӯ, то як ҳафтаи пеш дар рустои Оббурдони ноҳияи Масчо ҳудуди 250 зан намози ҷумъаро якҷоя мехонданд. “Аммо ҳафтаи гузашта Саидҳомид Ниёзов, имохатиби масҷид, онҳоро огоҳ кардааст, ки дигар ба масҷид наоянд. Ӯ гуфтааст, мо гап мешунавем ва бояд намозгузориро бас кунед”,-гуфт ӯ.
Илҳом Беков афзуд, дар масҷиди деҳа ҷои намозгузории занонро бо кашидани пардае ҷудо карда буданд, “вале бо супориши Ниёзов пардаро кандаанд, то занҳо дигар намоз гузошта натавонанд.”
“Мегӯянд, ҳуқуқи зану мард баробар аст, аммо инро эҳсос намекунем. Ба додситонӣ муроҷиат кардем, то ин кор дар чорчӯбаи қонун ҳалли худро ёбад. Такяи мардум ба қонун аст ва умед доранд, ин қазия ба нафъашон ҳал мешавад”,-афзуд Илҳом Беков.
Намозгузории занон дар масҷидҳои Тоҷикистон чанд соли қабл бо раъйи аксари аъзои Шӯрои уламои Маркази исломӣ манъ шудааст. Ин фатво дар замони раҳбарии муфтии пешин Шайх Амонуллоҳи Неъматзода содир шуда ва то ҳоло пойбарҷост.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |