Боздошти ду тоҷик бо маводи кимиёвӣ дар Покистон
Мақомоти мубориза бо маводи мухаддири Покистон рӯзи 20-уми июн бо пахши як иттилоия эълон карданд, ки зимни як амалиёти густурда аз интиқоли ҳаҷми калони прекурсорҳою маводи кимиёвӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд.
Тибқи иттилоияи пахшкардаи мақомоти Покистон, рӯзи чоршанбеи 19-уми июн зимни тафтиши ширкати “Ал Иттиҳоди Хайбар” дар Пешовар беш аз 103 кило прекурсорҳо ва маводи кимиёвии махсус дарёфту мусодира шудааст, ки асосан зимни истеҳсоли ҳероин истифода мешавад ва ният будааст, ки он тавассути Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол ёбад.
Мақомоти Покистон ҳаҷми маводи кимиёвии мусодирашударо дар ин кишвар бесобиқа арзёбӣ карда, таъкид мекунанд, ки бо иттиҳоми қочоқ роҳбари ширкат ва ду шаҳрванди тоҷик боздошт гардидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |