Раҳматилло Зоиров: "Номзадии худро пешбарӣ мекунам"
Раҳматилло Зоиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, эълом кард, ки дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳамчун номзад иштирок мекунад.
Вай ин омодагии худро дар суолу ҷавоб бо гуруҳе аз корбарони “Одноклассники”, як шабакаи иҷтимоии русӣ, баён доштааст.
“Бидуни хоксории дурӯғин мехоҳам бигӯям, ки номзади ягона дар интихоботи президентӣ на танҳо аз ҷониби ҳизбҳо ва гурӯҳҳои мухолиф, балки аз тарафи гурӯҳҳои демократӣ низ бошам. На барои он ки ман беҳтаринам. Ман ҳокимиятро дӯст намедорам. Ман шаҳрванди оддӣ, ростқавл, ба қадри кофӣ таҳсилдида ва масъулиятшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам. Муҳлати зиёд таблиғот бурда ва интизор будам, ки довталабони дигар барои номзади ягона будан пайдо мешаванд. Ҳоло бошад, номзадии худро пешбарӣ мекунам ва эълон медорам, ки ин масъулиятро барои Ватан ва халқи он ба уҳда мегирам. Ба ман пуштибонии нерӯҳои демократӣ лозим аст. Нерӯҳои демократӣ бояд сарҷамъ оянд, то мо тавонем бо кӯшиши якҷоя кишварро ба по хезонем. Роҳи дигар надорем”,-гуфтааст Раҳматилло Зоиров.
Омодагии Зоиров барои иштирок дар интихобот дар ҳоле эълом мешавад, ки қаблан Ҷунбиши миллӣ, як созмони сиёсии сабтиномнашуда, ӯро номзади худ дар интихоботи президентӣ дониста, аз ҳамаи аҳзобу созмонҳо хоста буд, то номзади онҳоро дастгирӣ кунанд.
Қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шавад. То кунун Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳам эълон доштааст, ки бо номзади худ дар ин интихобот ширкат хоҳад ҷуст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |