Шаҳрванди Қирғизистон аз ду тири марзбони узбак кушта шудааст (навшуда)
Таалайбек Усубалиев, иҷрокунандаи вазифаи райиси Хадамоти сарҳадоти давлатии Қирғизистон зимни суханронӣ дар парлумони ин кишвар гуфтааст, марзбонҳои узбак ба сокини рустои Сарибой ду тир андохтаанд.
Ба гуфтаи ӯ тири нахуст шаш метр дуртар аз марзи муштараки Қирғизистону Узбакистон паронда шудааст, “вақте барои ёрӣ ба сӯи хонааш мешитобад ва аз марз ҳудуди 100 метр дуртар медавад, тири дуюм ба ӯ мерасад”.
Дар посух ба суоли Тошпулод Болтабоев, вакили парлумон аз ҳизби «Ота Мекен», ки чаро то ҳол аз ҷои ҳодиса дидан накардааст, Таалайбек Усубалиев гуфтааст, ӯро барои маълумот ба парлумон хостанд, аз ин рӯ ба ҷои ҳодиса муовинашро фиристод.
Ёдовар мешавем, қаблан Хадамоти сарҳадоти давлатии Қирғизистон хабар дода буд, ки нимашаби 20-уми июн сарбозони қушунҳои марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар минтақаи сарҳадии «Марказ»-и дастаи сарҳадии Ҳайдаркон як сокини рустои Сарибойи вилояти Уши Қирғизистонро ҳадафи тир қарор додаанд.
Ин ҳодиса баъди он сар зада, ки байни сарбозони узбак ва шаҳрванди Қирғизистон низои лафзӣ сар мезанад. “Аз захми тири марзбонҳои узбак сокини Сарибой дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,-гуфта мешуд дар хабар.
Бино ба иттилои расонаҳо баъди ин куштор ҳудуди 200 сокини деҳаи Гулиёни ноҳияи Қадамҷой роҳи мошингарди Бодканд-Ӯшро баста ва талаб кардаанд, то марзбони муҷрим боздошт ва муҷозот шавад.
Ба иттилои Хадамоти сарҳадоти давлатии Қирғизистон аз қазияи куштори сокини Сарибой раҳбарияти қушунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти миллии Узбакистонро огоҳ карда ва дар мавриди баргузории таҳқиқоти дуҷониба ба тафовуқ расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |