Амрико мегӯяд, занону кӯдакони тоҷик ба ивази қарз ба ихтиёри афғонҳо дода мешаванд
Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши ҳарсолаи худ, оиди мубориза бо харидуфурӯши одамон дар ҷаҳон, Тоҷикистонро як манбае гуфт, ки мардону занон ва кӯдаконаш ҳадафи меҳнати маҷбурӣ ва муомилоти шаҳвонӣ қарор мегиранд.
Ба гузориши Вазорати хориҷии Амрико бархе занону кӯдакони тоҷик дар Русия Аморати Араб, Қазоқистон ва Афғонистон, инчунин дар худи Тоҷикистон ба танфурӯшии маҷбурӣ ҷалб мегарданд ва мардону занон бошанд дар хоҷагии қишлоқу сохтмонҳои ин кишварҳо ба меҳнати маҷбурӣ фаро гирифта мешаванд.
Гузоришгарон менависанд, иттилооте мавҷуд аст, ки кӯдакону занону тоҷик ба ивази қарз дар Афғонистон ба корҳои фаҳш ҷалб мешаванд ва баъзан ғайриихтиёрӣ ба ақди никоҳи мардони афғон ворид мешавад.
Вазорати хориҷии Амрико бо зикри талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани ҷалби кӯдакон ба меҳнати маҷбурӣ, аз ҷумла дар майдонҳои пахтаи кишвар изҳор медорад, ки чунин ҳолатҳо ҳанӯз зиёданд ва дар ин кишвар ҳанӯз низоми хуби ҳимояи ҷабрдидаҳои додуггирифти одамон мавҷуд нест.
Амрико ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки қонунҳои худро барои мубориза бо қочоқи одамон такмил диҳад ва кафолати амнияти шоҳидони чунин ҳолатро пурра ироа созад. Инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ба мансабдорони маҳаллӣ барои ҷалби кӯдакон ба меҳнат дар майдонҳои пахта ҷазои сахттар пешбинӣ гардад.
Гузоришгарони амрикоӣ мегӯянд, дар маҷмуъ дар ҷаҳон 27 миллион нафар аз қочоқу додугирифти ғайриқонунии одамон ҷабр мебинанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |