Туркманистон дар мубориза бо маводи мухаддир аз нерӯи солмандҳо истифода мекунад
-Туркменистон ҳамеша бо гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи маводи нашъадор муборизаи беамон мебарад ва талошҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳониро дар ин замина дастгирӣ мекунад. Ин нуктаро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райиси ҷумҳури Туркманистон зимни тасдиқи нақшаи баргузории чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир иброз доштааст.
Президент гуфтааст, барои мубориза бо ин падидаҳои номатлуб бояд пирони рӯзгордида ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бештар ҷалб карда шаванд.
Туркманистон дар самти мубориза бо истеъмол ва коҷоқи маводи нашъадор талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Ин кишвар иштирокчии се Конвенсияи байналмилалии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор аст, ки солҳои 1961, 1971 ва 1988 СММ тасвиб кардааст.
Туркманистон ҳамчунин шомили Комиссияи СММ дар умури маводи мухаддир барои солҳои 2012-2015 мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |