Давлат ба мардҳо пул медиҳад, то зан гиранд
Вакилони парлумони Қазоқистон пешниҳод намудаанд, ки ба мардҳои муҷарради аз 30-сола боло 300 ҳазор «танга»- и қазоқӣ (наздики як ҳазор сомонӣ) пардохта шавад, то онҳо издивоҷ кунанд.
Вакилон муътақиданд, ки бо ин роҳ муҷаррадони Қазоқистон барои зангирӣ ҳавасманд хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, зиёда аз як миллион марди аз 30-сола болои қазоқ зиндагии муҷаррадона доранд. Ин ташаббусро Жуматай Алиев, вакили парлумон, пешниҳод намуда, таъкид кардааст, ки ин пул на ба ҳама, балки ба онҳое пардохт шавад, ки баъди оиладорӣ фарзанддор мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон оиладоршавӣ ба масъалаи рӯз мубаддал шудааст. Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, СММ ва Бонки ҷаҳонӣ, дар гузориши имсолаи худ оиди раванди муҳоҷират дар Осиёи Миёна ва Русия таъкид кардаанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ мардонро дар Тоҷикистон камёфт карда, боиси он шудааст, ки 300 ҳазор зани ҳудуди 30-солаи тоҷик бешавҳар мондаанд.
Муаллифони гузориш менависанд, гарчанде расман дар Тоҷикистон теъдоди мардон аз занҳо 0,6 дарсад зиёд аст, амалан муҳоҷират боиси он шудааст, ки занон нисбати мардон дар кишвар бештар мондаанд.
Дар гузориш нишон дода шудааст, ки 30 дарсади тоҷикони муҷаррад дар муҳоҷират хонадор мешаванд: “Баробари муҷаррадҳо нисфи мардони зандор ҳам дар муҳоҷират никоҳҳои тақаллубӣ мебанданд. Ин боиси он мешавад, ки бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз ҳам мепошанд. Аллакай ин равандҳо ба он оварда расондаанд, ки 300 ҳазор зани ҳудуди 30-солаи тоҷик бешавҳар мондаанд.”
Гузоришгарон таъкид мекунанд, ки аз ҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон таи солҳои охир қариб 2 маротиба афзоиш ёфтааст ва яке аз омилҳояшро муҳоҷират арзёбӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |