Дар вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ лоиҳаи созишнома оид ба тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Шўрои федералии Швейтсария ба имзо расид.
Санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, аз сӯи Швейтсария, Стефан Неллен, сафири ин кишвар дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо намуданд. Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати рушди иқтисод ва савдо, феълан барномаҳои Швейтсария дар Тоҷикистон дар самти дасгирии ҳуқуқи инсон, барорбарии гендерӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, мусоидат ба рушди фарҳанг, ҳифзи муҳити зист ва ҳамзамон мусоидат ба рушди иқтисод равона шудааст. Табодули амвол миёни Тоҷикистону Швейтсария аз рӯи нишондодҳои соли 2009 ҳудуди 34 миллион доллари ИМА-ро ташкил намудааст.
Гуфта мешавад, самтҳои ҳамкориҳои ояндаи ин ду кишвар- рушди соҳаи кишоварзӣ, коркарди нахи пахта, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва маводҳои доругӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва саноати хўрокворӣ мебошанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр