Ҷоизаи Сино барои рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот
Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2013 шудааст. Ин ҷоиза ҳар сол дар бахши илму техника супурда мешавад.
Академик Қароқулов дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, соҳаи чорводорӣ кор карда, тамоми фаъолияташро ба омӯзиши хусусиятҳои биологӣ ва хоҷагидории чорвои гӯштӣ бахшида шудааст.
Оқои Қароқулов ҳоло узви Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон аст. Ӯ қабл аз интихоботи президентии соли 2006 Ҳизби кишоварзиро асос гузошта, дар ҳамин интихобот бо Эмомалӣ Раҳмон барои курсии президентӣ талош варзид, аммо шикаст хӯрд.
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, Ҳизби кишоварзии Амир Қароқулов ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Олим Бобоев “ҳизбҳои ёрирасон” барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ буданд. Иддаое, ки аз сӯи муассисони ин ҳизбҳо рад мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |