Тақдири генерал Солеҳов: Аз мансабҳои баланд то худкушӣ
Аз марги генерал Маҳмадназар Солеҳов, собиқ додситони кул, раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва вазири пешини умури дохилӣ чаҳор сол гузашт.
Мегӯянд, генерал Маҳмадназар Солеҳов танҳо нафаре буд, ки метавонист рӯирост ба президент эътироз кунад. Ӯ, ки ба ҳайси додситони кул, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, вазири умури дохилӣ кор кардааст, ба қавли мақомот, чаҳор сол қабл бо истифода аз силоҳ худкушӣ кард.
Генерал Солеҳов соли 1979 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст, ки дар он сол Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ва Бахтиёр Худоёров, раиси дастгоҳи иҷрояи президент низ таҳсилашонро ба поён расондаанд. Ӯ корро аз котиби додгоҳ шуруъ карда, дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ додситони шаҳри Конибодом буд.
Зоҳиран ҷанги шаҳрвандӣ барои пешрафти касбияти ӯ такони ҷиддие бахшид. Соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ба мақоми додситони кулли Тоҷикистон таъин шуд ва то моҳи ноябри соли 1995 ин вазифаро ба уҳда дошт. Пас аз он ҳам, ӯ ҳамеша дар вазифаи роҳбарӣ кор кардааст.
Вай моҳи декабри соли 2006 ба Вазорати умури дохилӣ рафт. Замони ба ин вазорат гузаштанаш муносибати ӯ бо собиқ додситони кул -- Бобоҷон Бобохонов чандон хуб набуд. Аслан, ин ягон амали ғайричашмдошт набуд. Чунки чунин рақобат миёни роҳбарон ҳамеша ва дар ҳар давру замон ҷой дошт.
Чӣ боис шуд, ки генерал бимирад?
Расман ӯро барои сӯистифода аз мансаб гунаҳкор донистанд. Аммо бовар кардан ба он ки маҳз ҳамин амалаш сабаби қатъ шудани фаъолияти ӯ дар вазифаи вазирӣ шуда бошад, хеле мушкил аст. Дар Тоҷикистон одатан бо ин ҷурмҳо аз вазифа сабукдӯш карда намешаванд. Барои мисол, “кашмакаш”-е, ки ба хотири фурӯши маводи мухаддири яке аз фарзандони мансабдори боломақом миёни Тоҷикистону Русия рух дод.
Мегӯянд, Маҳмадназар Солеҳов рӯҳияи мустақил дошт ва ҳатто ба президент низ эътироз мекард. Ҳатто баъди аз мақомаш рафтан.
Шояд ҳамин нақши муҳим бозид барои марги ӯ? Эҳтимол, генералҳои шарики ӯ имкониятҳои худро бештар шумориданд, аммо дар рӯзи даркорӣ худро канор кашиданд. Президент назари худро ҳамчун назари ҳалкунанда аз даст надод.
Генерал Солеҳов 29-уми январи соли 2009 аз вазифаи вазири умури дохилӣ бо фармони худи президент ва бо ҳаққи дар ҷои дигаре кор накардан Маҳмадназар Солеҳов, сабукдӯш карда шуд. Ҳамчун бисёре аз роҳбарони тоҷик, генерел Солеҳов низ чандон бо расонаҳо ҳамкорӣ надошт. Мусоҳибаҳои додаи ӯро бо ангушт метавон ҳисоб кард.
Аммо баъд аз марги ӯ, наздиконаш аз забони худи Солеҳов нақл карда буданд, ки Маҳмадназар баъд аз барканорӣ интизори занги рӯзноманигорон буд. Аммо, интизориаш дигар...
17-уми июни соли 2009 Солеҳов ҳангоми амалиёти боздошт худашро дар ҳавлиаш тир зад ва ҷон супурд. Ӯ 20-уми июни соли 1957 ба дунё омадааст ва то зодрӯзаш се рӯзи дигар монда буд.
Марат МАМАДШОЕВ,
“Озодагон”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |