Ҳукумат фоида аз нафту гази Тоҷикистонро тақсим мекунад
Нилуфари КАРИМИмрӯз, 18-уми июн, ҳукумати Тоҷикистон бо ширкатҳои Total SA ва China National Petroleum Corporation (CNPC) оиди шомил гардидани ин корхонаҳо ба Созишнома дар бораи тақсимоти маҳсулот қарордод ба имзо расонд.
Ҳамин тавр, ба қарордоде, ки соли 2008 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Tethys Petroleum Limited ба имзо расида буд, акнун боз ду ширкат ворид шуданд, ки ахири соли 2012 ҳиссае аз саҳмияҳо дар «Kulob Petroleum», ширкати фаръии “Tethys Petroleum”-ро хариданд.
Баъди имзои созишнома ӯҳдадориҳои сармоягузории ҷустуҷӯ ва истихроҷи нафту газ дар майдонҳои ояндадори минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ миёни се сармоягузори хориҷӣ тақсим карда мешавад.
Охири соли гузашта ширкати «Тетис» барои омӯзиш ва истихроҷи нафту газ дар ҷануби Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, «Total» ва «CNPC»-ро ҷалб карда буд.
Тавре соли гузашта ширкати «Тетис Петролеум» хабар дода буд, сеяки саҳмияҳои "Kulob Petroleum" – бахши маҳаллии ширкати Tethys Petroleum- дар ҳавзаи нафту гази Бохтарро ширкати фаронсавии Total ва 33,33 фоизи дигарашро ширкати чинии «CNPC» ба даст овардаанд. Ширкати фаронсавии "Total" дар ҳоли ҳозир яке аз калонтарин ширкатҳои нафти сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Роҳбарияти Tethys Petroleum изҳор карда буд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд. Барои дарки ҳаҷми ин захираҳо, “Тетис” захираи кишварҳои дигарро мисол овардааст, ки айни замон захираҳои нафти Қувайт - 101,5 млрд., Русия – 77,4 млрд., Либия – 46,4 млрд. ва Қатар – 25,9 млрд. баррелро ташкил медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати Тетис Петролеум Лимитед ба корҳои иктишоф ва коркарди конҳои нафту газ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон машғул аст. Дар Тоҷикистон корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯӣ дар минтақаҳои Бохтар, Бештентияк, Узнохор, Пушёни ҷанубӣ ва Хоҷа Сартез анҷом дода мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |