Райиси ҳизби ваҳдати исломӣ аз як суиқасд ҷон ба саломат бурд
Ҳадафи маргталаб, ки имрӯз дар наздикии бинои парлумон, дар шаҳри Кобул худашро тарконд, Хоҷи Муҳаммад Муҳаққиқ будааст. Дар ин бора Наҷибулло Дониш, муовини вазири умури дохилии Афғонистон хабар додааст.
Шоҳидон мегӯянд, маргталаб худро дар роҳи корвони мошинҳое, ки дохили якеаш вакили парлумон Ҳоҷи Муҳаммад Муҳиққиқ буд, мунфаҷир кард. Муҳаққиқ райиси Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон буда, ҳамчунин яке аз пешвоёни блоки «Фронти миллии Афғонистон» мебошад.
Бар асари ҳуҷуми маргталаб дасти кам се нафар кушта, 6 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Гуфта мешавад, миёни захмиён чор муҳофизи Муҳаққиқ низ ҳаст. Худи вакил аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурдааст.
Маълум нест, ки қасди маргталаб аз ин ҳамла чӣ будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |