САДО: Навори аудиоӣ бар зидди Додоҷони Атовуллоҳ
Нашри як навори аудиоӣ дар мазаммати Додоҷони Атовуллоҳ, роҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, аз шеваҳои “нав”-и мубориза бо мухолифини тоҷик арзёбӣ мешавад.
Ин навори аудиоӣ тоза ба дасти мо расид ва нафаре, ки худро муаррифӣ накардааст, дар он шеъреро бо лаҳҷаи эронӣ ва зери мусиқӣ қироат мекунад. Аммо муаллифи шеър таъкид кардааст, ки даҳ сол боз дар Тоҷикистон зиста, ба ҷуз ободкорӣ чизи дигареро мушоҳида накардааст.
Дар оғози ин шеър муаллиф аз намоиши тӯйи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар телевизиони “К+” (Қазоқистон) тавассути Додоҷони Атовуллоҳ изҳори норизоӣ карда ва ҷавоби ин суолро ҳам пурсидааст, ки “магар худ дар тӯйи бачат рақс надорӣ?”
Дар ин шеър аз ноамниҳо дар Сурияву Либия ҳам ёдоварӣ шуда, муаллиф ба оқои Атовуллоҳ гуфтааст, магар беҳтар набуд, тамоми пуле, ки барои таблиғи ақидаҳояш сарф мекунад, барои Тоҷикистон фиристад?
“Надидӣ Сурию Мисру Ямонӣ,
Даруни кӯчаҳояш хуни ҷорӣ.
Троблусро надидӣ он замоне,
Ки ҷангу душманӣ буду ҳаромӣ.
Ҳақиқатро бигӯ, аз халқ чӣ хоҳӣ,
Падарро бо писар дар ҷанг хоҳӣ?
...Бад-ин даҳ сол, ки кардам зиндагонӣ,
Дар ин шаҳру диёри ориёӣ.
Надидам аз Эмом Раҳмон хатое,
Амон монад зи ҳар дарду балое”,-таъкид шудааст дар ин навори аудиоӣ.
Қаблан дар нашрияҳои расмӣ ва сайти “Ховар” матолибе зидди Додоҷони Атовуллоҳ, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматилло Зоиров чоп мешуд. Ахиран бар зидди Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав аз нашрия ва ҳатто шабакаҳои телевизионӣ ва низ тавзеи китобча кор гирифта шуд.
Аммо мазаммат ва интиқод тавассути навори аудиоӣ ва он ҳам бо лаҳҷаи эронӣ бори аввал аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |