Омодагиҳо ба Иди зардолу бо ҳузури президент (АКС)
Санаи 19-уми моҳи ҷорӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ ярмарка фурӯши маҳсулот ва иди зардолу гузаронида мешавад, ки тибқи нақша сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин макон ташриф хоҳад овард.
Дар ин чорабинӣ 10 шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин институти боғпарварӣ маҳсулоти зардолу ва дигар маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод менамоянд. Сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, Файзуллоҷон Дадоҷонов ба хабаргузории «Озодагон» гуфт: «100 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод мегардад, ки аз он 50 тоннааш зардолу мебошад. Аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодам, Ашт, Ғончӣ ва Бобоҷон Ғафуров 25 намуди зардолу пешниҳод мегардад».
Манбаъ афзуд, ки дар ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ нарху навои тамоми маҳсулот назар ба бозор 20 – 30 фисад арзонтар мешавад.
Бояд гуфт, ки ин бори аввал аст, ки дар ҳудуди вилояти Суғд чунин чорабинӣ гузаронида мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |