Раиси маркази исломшиносӣ дар бораи дин ва сиёсат
Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, пайванди сиёсат бо динро нодуруст хонда ва гуфтааст, бояд роҳи ҳар кадоме аз ин ҷудо бошад.
Ӯ дар як матлаби худ, ки ахиран сайти “Ховар” бо номи “Муаммоҳои “исломи ноб” ба нашр расонд, гуфтааст, “дин дар ҷои худ ва сиёсат дар ҷои худ. Ҳар ду бояд аз якдигар ҷудо бошанд ва мустақилона бо якдигар ҳамкорӣ намоянд.”
Оқои Давлатов дар идома таъкид кардааст, ки “пайванд хӯрдани сиёсат бо дин, дар навбати худ, дари риёву нифоқ ва куфрро ба дин мекушояд”. “...Дин муқаддас аст. Қудсияти онро бояд ҷиддан ҳифз намуд ва риоя кард. Аммо сиёсат, хосатан давлат, ягон хел қудсияти динӣ надорад. Сиёсат ба биҳишт ё дӯзах намебарад. Ба биҳишт роҳ кушодан вазифаи дин аст. Аммо агар дин бо сиёсат як шавад, онгоҳ дари раҳмат-ул-оммаи Худованд ва зимнан арсаи сиёсат барои бисёри бандагони Худо баста эълон мешавад”,-афзудааст ӯ.
Раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон ҷудоии дин аз сиёсатро ба манфиат дониста ва таъкид кардааст, ки дар пайи ҷудоии онҳо “ҳамон қадар хулуси динӣ, муҳаббат ба Худову Паёмбар зиёд мешавад.”
Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон дин аз давлат ҷудост, аммо давлат фаъолияти муассисаҳои диниро назорат мекунад ва барои анҷоми ин кор кумитаеро ҳам таъсис додааст. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон ҳизби динии сиёсӣ -- Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) фаъол аст, ки ҳоло бо бештар аз чиҳил ҳазор аъзо ҳизби умдаи мухолиф маҳсуб мешавад.
Дар акс: Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон (Акс аз Бӣ-бӣ-сӣ)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |