Мақомоти тоҷик ихроҷи 17 шаҳрвандро аз Русия “қонунӣ” хонд
Субҳи имрӯз, 18-уми июн 17 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Нижний Новгороди Русия фаъолият менамудаанд, аз қаламрави ин кишвар ихроҷ гардидаанд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, сабаби маҷбуран берун кардани ин шаҳрвандон вайрон намудани қонунгузориҳои Русия мебошад.
Нафарони депортшуда аз ҷумла Муслим Саидабдуллоев, Набиҷон Ҷалолов, Нуриддин Самадов, Машрабӣ Давлатзода, Фаридун Холмирзоев, Саидҷон Қодиров, Дустмурод Саидов, Абдулбаён Шарипов мебошанд. Бино ба иттилои манбаъ, миёни онҳо як нафар зан ҳам мебошад: «Аз берункардашудагон 8 нафарашон аз шаҳри Москва буда, боқимонда аз шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Нижний Новгород мебошанд».
Насим Раҷабов, корманди Хадамоти муҳоҷират дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, мегӯяд, барои якумин бор аст, чунин шумораи берункардашудагон (депортатсия) ба қайд гирифта мешаванд: «Ҳамаи онҳо қонунҳои Федератсияи Русияро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ - иҷозаи кор, патент, бақайдгирӣ ва ғайраро вайрон намудаанд ва бо қарори суд маҷбуран берун карда шудаанд».
Манбаъ мегӯяд, акнун ин шаҳрвандон мутобиқи конунҳои Федеролии Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба муҳлати панҷ сол аз ворид шудан ба қаламрави ин мамлакат маҳрум карда шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |