Қирғизистон, Туркия ва Тайланд ҷои хатарзо барои сайёҳони қазоқ
Қирғизистон, Туркия ва Тайландро хатарбортарин фароғатгоҳ барои сайёҳони қазоқ гуфтаанд.
Сомонаи «Корвон»-и Қазоқистон дар пайи назарпурсии ширкатҳои туристӣ ҷойҳои хатарбор барои ҷаҳонгардони ин кишварро муайян ва ҷои сеюмро ба Исиқкӯли Қирғизистон додаст.
"Бештари туристҳо ба Исиқкӯл мустақилона мераванд ва дар хонаҳо ҷой мегиранд. Ғизоҳоеро мехӯранд, ки соҳибхона омода кардааст. Зиёд мешавад, ки аз ин ғизоҳо заҳролуд мешаванд. Ҳамчунин, сайёҳони қазоқ дар соҳили Исиқкӯл лат бардошта, баъзан устухонҳои аъзои баданашон мешиканад, пусташон дар офтоб месӯзад ва бар асари низоъҳои мухталиф маҷрӯҳ мешаванд»,-гуфтааст Татяна Тимошенко, менеҷер оид ба туризм.
Тайландро сомона дар зинаи дуюм ҷой додаст. "Ин ҷо аз ҳама зиёд ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз ғизо мушоҳида мешавад. Одамон намефаҳманд, ки меъдаи онҳо ба чунин хӯрокҳо омода нест. Ҳамчунин сайёҳони қазоқ бо нушокиҳои алкоголии Тайланд мушкил доранд. Ҳар гуна ҷароҳату лат хӯрданҳо низ як чизи маъмулӣ аст»,-гуфтааст Асел Аденова, менеҷер оид ба суғурта
Аммо дар мақоми аввал Туркияро навиштаанд. "Аз рӯйи шумораи ҳолатҳои бардоштани ҷароҳат ва дигар ҳолатҳои пешгӯинашаванда, ки истироҳатро барҳам мезанад, ин кишвар пешсаф аст. Сабаби зиёд будани чунин ҳолатҳо ҳам ба зиёд будани теъдоди сайёҳон ба Туркия марбут аст»,-афзудааст Асел Аденова.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |