Бахшҳо

Меҳмон Бахтӣ гуфт, даъво алайҳи Тутубалина супоришӣ нест

Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, иддаояшон алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия Плюс” ба маҳдуд кардани озодии сухан ва тарс додани журналистон дар арафаи интихоботи раисиҷумҳур равона нашудааст.

Меҳмон Бахтӣ нияти як гуруҳ зиёиёнро барои ба додгоҳ кашидани Тутубалина шарҳ дода, гуфт, ин ягон супорише дар арафаи интихобот нест: “Вақте, ки вай моро мебахшед, «гуҳ» мегӯяд, чӣ зиёиён бояд хап шинанд? Як нафаре, ки эҳтимол чени нохуни пойи беҳтарин зиёиёни тоҷик хидмат накардааст, ҳамаро ҳақорат кардааст. Вай на танҳо зиёиёни тоҷик балки миллатро таҳқир кардааст. Тасаввур кунед, ки ҳамин хел одам дар ягон кишвари дунё, аз ҷумла Қирғизистон, Туркманистон ё Гурҷистон мебуд ва нисбати зиёиён ҳамин гапро мегуфт, зиёиён вайро пӯст мекарданд ё буз мекашиданд.”

Ахиран раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ дар як ҷаласаи муштарак қарор карданд Олга Тутубалинаро, барои матлабаш таҳти унвони “Неинтеллигентно об интеллигенции” ба додгоҳ кашанд.

Меҳмон Бахтӣ таъкид кард, ки ин қарор ба зидди озодии баён ва маҳдуд кардани кори журналистон равона нашудааст: “Дар бисёри мавридҳо мо ба фикрҳои журналистон тарафдор ҳастем. Дар рӯзномаҳои ҳам давлатӣ ва ҳам ҳам хусусӣ фикрҳои хуб мегӯянд. Вақте барои беҳбудии ҷомеа, беҳбудии як кор як вазирро танқид мекунанд, мо чаро зидди журналистон бароем, вақте фикрҳояшон барои беҳбудии кор аст. Аммо Тутубалина миллатро таҳқир кардааст.”

Олга Тутабалина дар матлаби баҳсбарангезаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбт ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Аммо Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ин рӯзноманигор суханони Ленинро ҳам нодуруст кор бурдааст ва ҳатто эҳсос мешавад, ки нисбати тоҷикҳо як ҳисси бадбинӣ дорад.

Дар мавриди он, ки қарори ба додгоҳ кашидани Тутубалина ташаббуси кист, Меҳмон Бахтӣ изҳор дошт, ки ин кори танҳо Иттифоқи нависандагон ва Академияи илмҳо набуда, созмонҳои дигар низ ба ин ташаббус ҳамроҳанд: “Ба мо аз дигар шаҳрҳою ноҳияҳои Тоҷикистон занг зада, шикоят карданд, ки як одам чӣ ҳақ дорад, зиёиёни тоҷикро чунин мегӯяд. Як нафаре, ки эҳтимол чени нохуни пойи беҳтарин зиёиёни тоҷик хизмат накардааст, ҳамаро дашном додааст.”

Ба суоли “Озодагон”, ки аз додгоҳ чӣ талаб хоҳанд кард, Меҳмон Бахтӣ посух дод, ки “бигзор суд ҳар чизе, ки аз руи ҳақиқати воқеӣ ва қонунгузорӣ барои дашном додани ҳама пешбинӣ шудааст, ҳалнома барорад.”

Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия–Плюс” дар шарҳи иддаои зиёиёни тоҷик, изҳор дошт, ки барои баёни фикри шахсӣ набояд мавриди таъқиб қарор гирад. Тутубалина дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ҳанӯз моҳияти иддаоро бар зидди худам намедонам. Фикр намекунам, ки ин иддао асосе барои муроҷиат ба додгоҳ дошта бошанд. Дар матлабам танҳо фикри худамро гуфтаам, ки барои ин муҷозот намекунанд. Ба ҳар ҳол дар ҷомеаи демократӣ чунин аст.”
Мӯҳр
ДОНИШЧУ
БА ХАМААТОН айб, мо аз шумо чи ибрат гирем

Хуршед
Точикистон зиёи надорад, инро хама медонад.

Аюб Эгамов
Мухтарам "зиёи", пас Шумо исбот кунед, ки "гух" нестед! Исбот кунед, ки дар пеши ранчу азоби халки точик бетараф нестед! Исбот кунед, ки Шумо тарафдорони хукумат нестед, балки дар пахлуи мардум хастед!

Каримчон
Ана гапи шоиру мана гапи шоир!!! Вакте шоир аз пустканиву бузкашидани инсон сухан мегуяд, войи ин миллате, ки шумо, шоир, аз он даъвои пуштибони доред. Як журналист як лафзи кабех гуфт, аммо чаро шумо - раиси иттиходи нависандагони Точикистон (махсус номи иттиходияатонро бо харфи майда навиштам) ин гуна суханро ба забон меоваред, бахусус барои матбуот?!!! Магар захираи лугавиатон ками кард, ки онро бо ягон таври дигар мулоимтар кунед??? Аз Олга хам пуштибон набудам, аз Шумо хам ин амалро дар киболи рузноманигоре ( вокеан 90 дар сади нависандагону шоирон аз журналистика берун омадаанд) интизор надоштам. Хайфи чунин шоири миллату хайфи ин миллат!!!

ном Сухбат.
Банда мусохибаи Ольгаро бо диккат гуш кардам У сухане зидди миллат нагуфтааст ,баракс гами миллати бесохиби моро хурдааст
Ин шахс рус аст ва ин одати русхо хаминхел аст агар конун бошад онхо аз конун итоат мекунанд ва хакки худро конститутциони талаб мекунанд .
Аз хамон рузе,ки русхоро аз Точикистон мачбури ронданд ,тамоми хукукхо поймол шуд то имрузхо поймол шудаистодааст мо он замонхо бо русхо такя карда хакки халоли худро сохиб будем..
Як мисоли одди бо шумоён зиёиён мехостам расонам 18-20 сол пеш агар ёд дошта бошед дар ш Душанбе ,агар 1-соат барк,оби гарм ё газ мисолхои беохирро ёдрас шудан мумкин агар намешуд тезакак занг мезаданд (рус)-хо дар муддати кутох дуруст мекардандку ,онхо даъво мекарданд хозир чи ?
Кариб 8-млн ахоли мухри хомуши ба лаб задаанд ё не .............?
Имрузхам агар дар ватанамон миллатхои гуногун зиёд бошанд ба фоидаи миллти точик аст . Мо точикон намояндагони мо танхо (лабайгуякем) аз камбудихо намегуем чи конуну кароре кабул накунанд фаркаш нест залалу фоидааш ,карсакзанон кабулаш мекунему дастгири мекунем (мабодо наранчанд)
Хонум Ольга хамаи зиёиёнро нагуфтааст танхо (лагандбардоронашро) дар назар дорад хубтар андеша кунед миллати точикро ягон суханони кабех нагуфтааст.
Як маротиба халабонхоро ба додгох кашида будед бочи анчом ёфт ?
Албат бо узрхохи бас нест!!!
Ин миллаташ точик нест,чимакак бесохибон барин шинад ана хамин Хонумхам хаммиллати онхост .....
Як дафъа агар хохед дарди мардуми оддиро фахмидан хакиктро фахмидан хохед (чомаву челаки ) кухнаро дар бар кунеду бидуни микрафону наворбардори аз холи мардум пурсон шавед баъд мефахмед хакикатро аксарият бо Ольга хамфикранд зиндагии дигарро мехоханд .

Darvesh
Ustod Mehmon Bakti Voy bar holi shumo. Vakte shumora Prezident piskhandomez savol doda bud dar vokhuri faromushash karded. Baroi chi Shumo hamon vakt yagon kalima ham gufta natavonisted ba sui prezident. Boz khudro 1 donishmandi buzurg metaroshed. Kani ozodii bayon, kujost on davlati demokrati hukukbunyod va dunyavi. Ba fikram agar khap menishasted khubtar bud, chunoneki dar vokhuri yagontai shumo ziyoi az joy khesta kambudii kishavarro namegued. Mardum dar chi hol karor dorand. Dizur vokhuri dar Panjakent bud. Ba'ze kormandoni boloi dar vokhuri peshaki e'lon kardand ki hej ki ba prezident savol nadihad! Agar Prezident pursad ki zindagi chi tur ast Gued hamash khub! Magar in ozodi ast magar in siyosat ast. Voy bar holi hukumat voy bar holy Mehmon Bakhti vou bar holy ZIYOIYONI DAR KAPKON BASTA BA DAHON BO SCOTCH yo klei MOMENT KLEY KARDA SHUDA........... ku binem ozodagon chop mekunad ozod ast yo na

Сухбат,
Бародархо, хакикатро гуфтен.

Мехмон Бахти нависандаи дарборист ва хукуки худро аз шумули зиёиён хисобидан хам надорад. Ба чуз мадхиясарои дигар хунаре надорад. Аз ин ру бехтар мебуд агар садо баланд накарда хомуш менишаст.

Пеш аз одамони наздик ба доираи адибон шунида будам, ки Мехмон Бахти ва Аскар Хаким хирад надоранд, вале чандон ахамият надодам. Гумон доштам, шояд аз бахили мегуянд. Аммо акнун мебинам, ки рост аст.

донишчу
Нафахмидам, дар ин гуфтахои зиёи аст ё ягон авбош, ира бинен охир уффффффффффф """"зиёиён вайро пӯст мекарданд ё буз мекашиданд.”""
ё ин ки
Вақте, ки вай моро мебахшед, «гуҳ» мегӯяд, чӣ зиёиён бояд хап шинанд? Як нафаре, ки эҳтимол чени нохуни пойи беҳтарин зиёиёни тоҷик хидмат накардааст, ҳамаро ҳақорат кардааст. Вай на танҳо зиёиёни тоҷик балки миллатро таҳқир кардааст. ""
Миллати бузурги точик яке аз бузургтарин ва арчмантарин миллатхои дунёст. СУХАНИ БАД, КИ БА АДРЕСИ ШУМО ШУДААСТ, рафикон зиёиён, БА САРИ МИЛЛАТ БОР НАКУНЕД, ин айб аст, ба хар хол худро тамоман бечора хис накунед, МИЛЛАТИ ТОЧИК Шуморо дастгири мекунадДОНИШЧУ,

Чанобон нависандаву шоирон! Чт шумо худро зиёи мегунд ва даъваои зиёиги доред. Мисоле оварда метавонед, ки шуцмо чун зиёи ба ягон мушкилоти мардум вокунише карда бошед. Бо пешниходи шумо ягон масъалае хал шуда бошад. Шумо дар хамон Иттифоки худ иттифок нестед ва ба махалгароиву ба гух теле додани якдигар машгулед. Боз даъвои миллат мекунед Кадом миллат, ки холо оочик аз махалли худ берун набаромадааст ва ин хам аз "зиёи будани шумост. Як зиё агар Бозор Соир бошад, ки худро шоири миллат медонад у то ба хол ба магзи сараш эхсос накардааст, ки Точикиситон аз як Файзобод иборат нест. У холо аз махаллу сахаогароиаш берун нашудааст. Чаноби Мехмон Бахти бошад аз худ он каджар зиёи натарошад, зеро ягон нишонае аз он надорад ва дигарон хам. Хулоса даъвои он ки миллатро тахкир кардааст тамоман нодуруст аст ва агар ман хам як нафар аз ин миллат богшам, чунин мешуморам, ки духтарак дуруст гуфтакаст ва ба пусти зиёитарошон кайкро андохтааст. Юоки ба хама шумо адибон-зиёинамоёни махаллхои точик дар таърифу тавсиф ва хушомадгуи барори кор мехохам ва умед дорам, ки асархои зидди мардумии шумо богз хам бештар руи чопро бубинад.

Муҳаммадсаид
Салом дустон..!
Намедонам дар ин маврид аз хабарнигорон тарафдорӣ кунем ё аз "зиёиён".. Фақат ба идораҳои дахлдорӣ кишвар сухани раиси ҲНИТ Муҳтарам Муҳиддин Кабириро дар ҳодисаи халабонҳои руссӣ ёдрас мекунам, ки гуфта буд:" Аз мақомоти дохилии кишвар хоҳиш мекунам вақте касеро дастгир кардед пеш азоне кӣ айбдораш мекунед ба шиносномаи ӯ назар кунед. Агар Руссӣ ё Узбекӣ бошад, кораш нагиред"..
Аз боҷуръат гап задни Меҳмон Бахтӣ саросема нашавед, зеро Ӯ аз сиёсат хабар надорад..

Мухтарам Мехмон Бахти аввал ин, ки дар урфи мо точикон бар сари як зан мардхо зури ва тахдид намекунанд, дуюм ин, ки ин суханони дохии пролетариат Ленин хастанд ва мухтарам, чаноби Мехмон Бахти Шумо, ки дар замони Шурави зиндаги мекардед ва нони он давлати мардумпарварро мехурдед чаро дар вакташ як бор хам бошад эътироз ба ин суханон накардед, сеюм ин,ки хонум Тутубалина гуфтанд, ки хочится сказат ин маънои онро дорад, ки мехохад бигуяд аммо нагуфтааст. Барои хаминхам агар Шумо худро зиёи мехисобед аз ин кор даст кашед, ин хислати зиёи аст, ки барои дигарон намунаи ибрат бошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)