Дар пайи ҳодисаи нохуш дар шаҳри Роғун як нақбкан ҷони худро аз даст дод.
Тавре ба мо аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, кафшергари ширкати «Тоҷикнақдкан»-и нерӯгоҳи мазкур, Хайриддин Кенҷаеви 33-сола (сокини ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара), аснои ба сараш афтидани сементпора қурбон гардидааст. Тибқи иттилои масъулин ҳодиса ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ- васлгарӣ дар нақби Т-4 ба вуқӯъ пайваста, аз қисми болои нақб тахминан аз баландии 9-10 метр сементпораи тақрибан 1 тонна канда шуда, ба сари кафшергар меафтад.
Мӯҳр