“Зиёиҳо”, оё аз ин тасмим шарматон наёмад?!
Ба ростӣ, боис ба тааҷҷуб ва ҳайрат аст: "Ҳудуди 10 иттиҳодияи эҷодӣ ва донишгоҳи олии Тоҷикистон аз Олга Тутубалина, хабарнигори ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд" (Аз торномаи Радиои Озодӣ).
Ҳайрат аз он аст, ки роҳбарон ва намояндагони иттиҳодияҳои эҷодӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон - онҳое, ки бар тибқи одат "зиёӣ" номида мешаванд, дар ин бисту як соли пас аз истиқлолияти Тоҷикистон, агар мулоқоти солона бо раиси ҷумҳуриро ба ҳисоб наоварем, ки он ҷо ҳам барои шунидан ва баъдаш зиёфат хӯрдан мераванд, бори аввал як ҷо гирди ҳам ҷамъ омадаанд ва якдилонаву муттафиқона тасмим гирифтаанд. Ин иттифоқу якдилӣ муборакатон бод!
Вале оё аз ин тасмим шарматон наёмад?! Чӣ коре ғайриинтизор шуда, ки ба додгоҳ муроҷиа мекунед?!
Бисёр хуб буд, агар ин зиёиён дар ин нишаст чанд дақиқае фикр мекарданд, ки чаро як нафар хабарнигори ростгӯю ҳақнигор маҷбур шудааст, дар ҳаққи онҳо чунин бигӯяд?! Оё фаъолият ва ё адами фаъолияти Шумо асос ва заминае барои ба чунин хулоса расидани Тутубалина нашудааст?!
Ҳақталошиҳо ва ҳақгӯиҳои инфиродии бархе аз намояндагони қишри рӯшанфикри тоҷикро, ки боис ба қадрдонист ва он ҳам тайи солҳои охир ба нудрат дида шуда, ҳоло канор мегузорем. Вале оё Шумо ба унвони иттиҳодияи эҷодӣ, ба унвони қишри ҷомеа (қишри пешқадами ҷомеа ва раҳнамоянда) дар ин бисту як сол кай бар зидди беадолатӣ, бар зидди зулм, алайҳи тобутҳои паси ҳами муҳоҷирони тоҷик, ки ҳамаи моро - аз президент то деҳқон мехӯронанду мепӯшонанд, бар алайҳи сиёсатҳои кадрии маҳалгароёна, ки сабаби асосии рушди фасод ва ақибмонии иқтисодӣ ва шаш моҳ дар сол дар торикию сардӣ мурда-мурда зиндагӣ кардани мардум шудааст, садои эътироз баланд кардед?! Кай мухолиф бо беадолатиҳои додгоҳӣ, ки қиссаи кӯчаву бозор шудааст, садои "не!" ва "набояд" дардодед.
То ҳамин ду моҳ қабл Зайд Саидов як нафар узви ҳайати мушовараи нашрияи Иттиҳодияи нависандагон - "Садои Шарқ" буд. Оё Шумо пас аз боздошти ӯ, ки яқинан амре сиёсӣ ва номардумона аст, садои эътироз дардодед? Не! Шумо, чунонки Иттиҳодияи соҳибкорон кард, ин ҳайати мушовараро осонакак барҳам додед ва хомӯш нишастед!
Пас, акнун ин доду фарёд чаро? Пас, ин "ҳақталошиҳо" чаро? Оё аз мо нест, ки бар мост?!
Фақат як чиз боис ба хурсандист: агар гуфтаи хабарнигор воқеан боиси аламатон шуда, пас, ҳанӯз метавон умедвор буд... Пас хама чиз намурдааст... Пас метавон умед ба ислоҳ шудан кард ва узр хостан аз мардум... Вале агар ин тасмимро худ мустақилона гирифта бошед, агар аз боло нафармуда бошандатон...
Абдуқодири РУСТАМ,
нависанда
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |